Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҷое расид, ки аҳолии оддӣ аз зулми ин раис ба дод омада нисбати ҳукмронии подшоҳ норизогӣ баён карданд. Ин хабар ба гӯши подшоҳ низ расид ва ӯ амр дод, ки раисро ба ҳабс гиранд. Ва баъди чанде ӯро дар назди мардум ба дор кашиданд. Мардум инро хеле хуб пазируфта эътиқоди онҳо ба ҳокимияти подшоҳ ва одилии ӯ боз баланд гашт.
Мақсад аз овардани ин ҳикоят дар он аст, ки вақте ба одамон бовар карда, идораи ҳокимиятро месупоред, албатта назорат намуданро низ фаромӯш накунед. Инчунин, доимо ахбори фаъолият ва поктинатию поксириштии кормандро дар тарозуи ақл ҳаматарафа санҷида, баъдан хулосаи зарурӣ бароред.
Дар ҳақиқат, хислати хоси инсонӣ чунин аст, ки барои пурра ва чуқур омӯхтани одамон аксар вақт дониши одамшиносии мо басанда нест ва танҳо дар вақти хиёнат ва ё ягон хатои сиёсии вазнин содир намуданашон мебинем, ки ботини онҳо чӣ гуна буда, рафтори аслиашонро намоён месозад. Аслан ин ҳолатҳоро бештар дар марҳилаҳои вазнини роҳбарӣ ва ё дар фаъолиятҳои ҳарбӣ метавон мушоҳида кард.
Дар замонҳои қадим ва то ҳоло мардуми тоҷик барои бахшиши камбудиҳо ва гуноҳҳои кардашуда ва умуман барои нигоҳ доштани ҳолати покию адолат «қурбонӣ ва ё хайру саховатмандӣ»-ро истифода мекунанд, ки ин низ як роҳи тозагии рафтор ва ба роҳи рост ҳидоят кардани мардум дар менеҷмент қабул шудааст. Аз тарафи дигар, ин ба худ қувваи нав додан ва мустаҳкам кардани ҳукмронии хеш мебошад.
Маълум мегардад, ки дар роҳбарӣ барои нигоҳ доштани ҳокимият аксар
маврид шахсони бегуноҳ низ қурбон мегарданд. Аз ин хотир, дар хиради
менеҷменти тоҷик таъкиди пайваста бар он аст, ки мардони тариқат набояд даст
ба ноадолатӣ зананд ва гуноҳи худро ба дигарон бор кунанд. Донистани қадру
қиммати дигарон, дар баробари қадри худ, ҳамчун нишонаи олииҳимматии
роҳбарӣ муаррифӣ шуда, Шуморо аз ҳама бадбахтиҳо нигоҳ медорад. Аз ин ҷо,
бояд роҳбари хирадманд аввал ба хато роҳ надиҳад ва мабодо хато содир кунад,
зуд аз паи ислоҳи он кӯшад, он гоҳ ин хато набуда, ҳамчун ҳодисаи тасодуфӣ
қабул карда мешавад ва ҳеҷ гоҳ ба роҳбариатон зарар рамерасонад. Агар хоҳед,
ки шуморо роҳбари оқилу донишманду ҳақиқатпараст шуморанд, ҳеҷ гоҳ гуноҳ
ва ё хатои содиркардаи худ ва кормандононро ошкор накарда, зуд аз паи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор