Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нагузорад, ки онҳо аз ин актёрии худ истифода карда, ҳаловат баранд, чунки актёрҳои пуркувват метавонанд, ки дар як лаҳза биханданд, бигиранд, фигон кунанд ва ҳаловат бубаранд. Агар ин амали онҳо танҳо бозидани нақш бошад, ба онҳо дилсӯзӣ карданатон шарт нест, аммо дар мавриди воқеияти мушкилоти зиндагӣ ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз кардан, аз омилҳои асосии хиради роҳбарӣ мебошад.

Қадами дуввум ин ҷараёни худофариниш буда, роҳбар кӯшиш ба харҷ диҳад, ки образи шахсияти барҷастаро дар худ тасвир сохта, диққати мардумро ба худ ҷалб намояд. Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки шахсиятҳои бузурги роҳбарӣ аксар вақт чизи нав меофаранд, ки ба дигар роҳбарони пешин хос набуда, диққатҷалбкунанда ва тасвиргари фақат образи ҳамин шахсият мебошад.
Чунончи образи Ленинро бо риши кӯтоҳи зарднамою кулоҳи равоқдор ва Сталинро бо мӯйлабҳои ғафсу либоси низомӣ ва сигоркашӣ аз чилим шинохта гирифтаем. Ҳокимони дигари таърихӣ Наполеон ва Мао Цедун санъати диққатҷалбкунии театриро истифода мекарданд, ки таваҷҷӯҳи тамошобинро доимо ба худ ҷалб мекарданд. Шахсиятҳои дигари таърихӣ Ф.Д.Рузвелт, Н.С.Хрушев, Л.И.Брежнев аз тартибот ва ҳолати ҳодисаҳои таърихӣ истифода карда, образи худро пайдо намудаанд. Мисол, Ф.Д.Рузвелт дар вақти савганд ёд кардан баромади махсусе тайёр мекунад ва куллан фарқкунандагии худро аз президентҳои гузашта таъкид сохта, аз навиштаҷот умуман истифода намекунад.

Аз ҳамон лаҳза бурдбориҳои Рузвелт бо дигаргуншавии стратегия ва тактикаи роҳбарӣ сурат гирифта, дар тамоми давраи роҳбарӣ аз уҳдаи ин нақш моҳирона баромадааст. Дар ҳолате, ки худҷоодӣ авҷи театрӣ гирифта, шумо дар саҳнаи театри бузург нақш меофаред, бояд кадом вақт ва чӣ хел берун шудани худро низ аз саҳна ҳаматарафа омӯхта, ба нақша гирифта, тарзе баромада равед, ки аксари тамошобинон ба ваҷд оянд ва омаданатонро боз интизор шаванд.
Чуноне ки дар замони худ инро президенти ШМА Вашингтон Ҷорҷ карда буд.

Қадами сеюм, ҳаракат намоед, ки аз уҳдаи иҷрои якчанд кор баромада
тавонед ва дар ҳолати зарурӣ ҳамон шахсияти бузурги таърихии зарурӣ бошед,
яъне қолаби чеҳраи худро ба давру замон мувофиқ намуда, ба мардум он чизе,
ки аз Шумо интизоранд диҳед. Аксари чеҳраҳои бузурги таърихии роҳбарони

пешина
аз 566
навбатӣ