Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

нобаробариҳо эмин нигоҳ медоранд. Ҳар яке мо дар ҳаётамон чунин ҳолатро ҳис кардаем ва ҳузури шахсияти донишманд дар коллектив ва ё дар дӯстию ҳамсоягӣ бароимон як сарчашмаи илҳом буда, мо аз он баҳраи эҷодӣ мегирем. Ва баръакс ҳар яке мо медонем, ки будани шахсони бадхоҳ дар коллектив ва дар ҳамсоягию муошират, бароитон як дилтангӣ, ноумедӣ ва нобарорию дилсардӣ оварда оқибат ба асабатон таъсири манфии калон мерасонад ва шояд Шуморо ба беморӣ гирифтор намояд.

Банда қариб 22 сол дар коллективе кору фаъолият доштам, ки зани бадҷаҳлу бадхоҳ ва бедодгару дилсиёҳ кор мекард. Ҳар рӯз, вақте ба дафтари кориам дохил мешуданд ба ҷои салому алейк, суханро аз ягон ҳодисаи нохуш оғоз мекарданд, яъне мегуфтанд, ки касе фавтидааст, ё касеро паррондаанд ё касе ба бемории сактаи дил гирифтор шудааст ё додгӯён дар давоми рӯз аз касе шикоят мекард, ки ӯро ҳурмат накардаанд ва ё роҳи гузашт надодаанд. Албатта, солҳои аввал, ки роҳбари ҷавон будам, шунидани ин хабарҳо ва назворан ин рафторҳо бароим хеле ва хеле вазнин буд. Ҳаракату кӯшиш мекардам, ки ин зани бадкинаро даст гирам, бевосита кӯмак расонида ба додаш бирасам. Баъдан, дарк кардам, ки баръакс ин зани бадсиришт, аз асабишавии ман ҳаловат бурда, боз аз дафтари корӣ баромада хандаи баланди заҳрнок ҳам мекардааст ва бо ин роҳ моро аз мақсади асосиамон, ки беҳтар кардани сифати таълим, тарбияи кадрҳои болаёқат ва таълифи китобҳои дарсию методӣ мебошад, берун сохта, метарсидааст, ки дигарон аз сустсаводию ноӯҳдабаронии ӯ огоҳ нашаванд. Агар муаллими дигареро дар назди ӯ васф мекардам, бароиш мотам буду ҳаракат мекард, ки рӯзи дигар дар фаъолияти ин зани ҳалолкору фаъол нуқсоне ёфта ӯро сиёҳ намояд. Баъдан, вақте ки банда ба омӯзиши илми менеҷмент ҷиддӣ машғул шудам ва ба омӯзиши хислати кормандон диққат додам, дарк намудам, ки чунин одамони нопоки бадхоҳ марому мақсади вайронкорӣ дошта, намехостанд, ки дигарон ба муваффақият соҳиб гарданд. Қариб тамоми мардуми Тоҷикистон аз авлоду авдоди ин гуна бадхоҳон бохабар буда, одамони бузурги эҷодкор қурбони чунин нотавонбиниҳо шуда будаанду мо ғофил мондаем. Ва дар он синну соле, ки ин бадхоҳ қарор дошт, рафтору кирдори ӯро дигар кардан ғайриимкон буд ва дигар кӯшиш ҳам накарда, ба худ як оннаи ҳимоявӣ сохта, дигар ӯро на медидам ва на мешунидам.

пешина
аз 566
навбатӣ