Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муносибати ҷинсӣ доштан, илҳоми эҷодии ин шахсиятҳои бузургро чунон боло мегардонид, ки чӣ тавр эҷод ё худ ихтирооти таърихӣ кардаи худро ҳис намекарданд. Дуруст аст, ки дар он лаҳзаҳо ин шахсиятҳо чунон вуҷуди худро ба зани дӯстдоштаашон медоданд, ки асаби онҳо аз ҳама дигар муаммоҳои зиндагӣ халосу тоза буд ва ана дар ҳамон замон фикри нави бузурге ба дунё меомад. Ё зани дӯстдоштаашон ягон чизи наве хоҳиш мекарданд ва ин шахсиятҳои бузург ба хотири муҳаббати эшон ба гуфтори мардуми тоҷик «Аз осмон ситора канда меоварданд» ё монанди Фарҳоди кӯҳкани тоҷик «Аз кӯҳи баланд ҷӯй канда об меоварданд». Аз ин хотир рӯҳшиносон дар он ақидаанд, ки қувваи шаҳвонии инсон ин қувваи эҷодӣ низ мебошад. Агар ин қувва доимо дар ташаккул бошад, пас қувваи зеҳнӣ низ дар ташаккулу эҷод аст. Чуноне ки оид ба ин масоил намояндаи мактаби суфизми Ҳинд Бхагаван менависад: «Агар мард аз ишқи зан ва фикр кардан оид ба муносибати шаҳвонӣ ба зан дар канор бимонад, он гоҳ ҷисми вай монанди мурдаҷок буда, муҳитро чашми дидан надорад». Дигар рӯҳшиносон дар ин ақидаанд, ки аксари одамони қобилияти баланди эҷодидошта дар синни 40-50-солагӣ ба муваффақият ноил гардида, эҷодкорӣ, ихтироъкорӣ ва ё шуҷоатмандие карда, қобилияти баланди зеҳнии худро нишон медиҳанд. Мисол, яке аз сабабҳоро рӯҳшинос - асосгузори мактаби замонавии «Қонуни муваффақиятҳо», Наполеон Хилл дар он мебинад, ки одамон то ин синну сол муносибатҳои шаҳвониро аз рӯи қувваи ҷисмонии худ иҷро карда, ба сатҳи дарки қувваи зеҳнӣ расонида наметавонанд, чунки дар овони ҷавонӣ қувваи ҷисмонӣ аксар маврид ба қувваи ақлонӣ ғалаба мекунад. Ва баъдан вақте ки қувваи ҷисмонӣ каме коста гардида, қувваи ақлонӣ болотар рафта, дар як хати рост ҷойгир мешаванд, он гоҳ кашфиётҳо ва ихтироотҳои бузурги ақлонӣ пайдо мегарданд.

Ҳолати дигарро низ бояд қайд кард, ки баъзе шахсиятҳои дигар бо роҳи дилбохтагӣ ба нӯшокиҳои спиртӣ ва ё кашидани сигору дигар фаъолиятҳои номақбул, қобилияти зеҳнии худро бедор мекунанд. Бояд таъкид кард, ки аксари чунин одамон дар охир худ қурбонии ин роҳи ихтироот мегарданд. Талаботи хиради менеҷмент низ ин роҳро намепарастад.

Аз ин ҷо хонандаи азиз, мо ба Шумо роҳи инкишофи дигари зеҳниро пешниҳод менамоем, ки аз қувваи шаҳвонӣ дида бузургтар аст ва метавонад

пешина
аз 566
навбатӣ