Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Маълум мегардад, ки густариши низоми давлатдории мардуми ориёинажод, такомул ва рушди он ба густариши таърихии маънавии башар, ки инсонро дар ҳама давру замонҳо дар модди аввал гузоштааст, инкишофи ҷомеа ва ҷаҳонро дар асри бостон баробар муаррифӣ менамоянд. Дар ҳама давру замон асолати маънавии давлатдории ниёгони мо роҳи фароҳам овардани фазои мусоиди ақлу хирад ва инсондӯстию адолатпарастӣ сурат мегирифт, ки замони Сомониён мисоли беҳамтои он мебошанд.

Аз ин ҷост, маҳз қарни X-XI дар таърихи башар, дар таърихи роҳбарии ҷаҳониён, ҳамчун мактаби классикии роҳбарӣ арзёбӣ мегардад, ки поягузори он сиёсатмадопону донишмандони миллати тоҷик мебошанд. Маҳз ғурури баланди миллӣ доштани Сомониён ва решаю пайванди маданӣ ва эҷодии тоҷикон имкон дод, ки мо яке аз аввалинҳо шуда, дар асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, ҳисобу китоб, бунёди шаҳрҳо ва шаҳрдорӣ, обёрию ободонии деҳаҳо ва инкишофи илмҳои гуногун саҳми бузурги таърихӣ гузорем.

Сиёсатмадорони бузурги он давра тавонистаанд, ки сохтори дурусти идорӣ ва роҳбариро ба ниҳодҳои фарҳангию иҷтимоии аҷдодии ҷомеа мутобиқ гардонида, онро дар муттаҳидии сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва умуман рушди иқтисодӣ хеле моҳирона истифода намоянд. Чунин як падидаи хирадмандона буд, ки ин сохтор аз тарафи аксари давлатҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна ва Наздик пазируфта гардид. Гарчанде ки дар солҳои аввали ҳокимиятдорӣ Сомониён ба хилофати араб итоат карда бошанд ҳам, онҳо ҳеҷ гоҳ ба Бағдод боҷу хироҷе надодаанд. Ба вожасозии арабӣ низ он қадар эътибор намедоданд, балки кӯшиш менамуданд, ки вожаҳои аҷдодии хеш «шоҳ», «девон», «вазир», «дабир» ва амсоли онро истифода намоянд.

Дар баробари он мардони ватандӯсту ватанпарвари тоҷик кӯшиш намуданд, ки дар ҳама вилоятҳо марзу буми аҷдодии худро соҳиб гарданд ва барои инкишофи рӯҳонияти миллии хеш мубориза баранд. Ин ҳама нишонаи худшиносӣ ва худогоҳии мардуми тоҷик ҳанӯз аз ҳамон замонҳо гувоҳӣ медод ва имрӯз низ барои тоҷикон аз мавзӯъҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар даврони Сомониён ҳукумат ва аҳли девон ба ду даста ҷудо мешуданд:

  1. Девони вузарои ғайрируҳоний;
  2. Умоли мазҳабӣ.
пешина
аз 566
навбатӣ