Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тараққикардаи ҷаҳонӣ ин аллакай меъёри умумии ҷамъиятӣ гаштааст, яъне назари иқтисодии рафтор аз онҳо шурӯъ шуда тамоми фаъолияти одамони оддӣ то президенти мамлакатҳоро фаро гирифтааст.

Аз нигоҳи мо имрӯз барои Тоҷикистон, махсусан, барои оилаи тоҷик, чунин рафтор шарти зарурӣ буда, аз ҳар як падару модар донишу хиради роҳбариро талаб менамояд, яъне пеш аз ҳама андешаи имкони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини талаботи баланди инсонӣ ба фарзанди ояндаро бояд андешид, ки ин талабот ва вазифаи муқаддаси ҳар падару модар аст, ки фарзандро ба дунё меоранд. Фарзандро ба дунё овардану ба ӯ муносибати ғайриинсонӣ кардан гуноҳест нобахшиданӣ. Аз нигоҳи донишу хиради роҳбарӣ ин амал ба қадри захираи ҷисмонӣ ва ақлонии мӯъҷизаи олии замин - инсон, нарасидан буда, файзу баракати кору фаъолияти моро коста менамояд.

Аз нигоҳи мо, аз ӯҳдаи ин вазифаи мураккабу мушкил шахсияте мебарояд, ки арзишҳои зерини роҳбариро дошта бошад:

❖ Дониши мукаммал ва хиради роҳбарӣ;

❖ Мақсади стратегӣ ва муайяни роҳбарӣ;

❖ Боварӣ ва иродаи қавӣ ба худ;

❖ Фикрронии аниқи роҳбарӣ;

❖ Тасаввур ва дарки масоили роҳбарӣ;

❖ Пешвогӣ ва худназоратӣ;

❖ Худмаҷбурсозӣ ва серталабӣ аз худ;

❖ Шахсияти шинохта ва маъруф;

❖ Сабру тоқат ва шуҷоати роҳбарӣ;

❖ Аз нобарориҳо омӯхтан;

❖ Таъсиррасонӣ ба зердастон ва атрофиён.

Ҳамин тариқ, имрӯз рафтори иқтисодии роҳбарӣ ҳамчун дониш ва хирад на фақат барои таҳлилу фаъолияти корӣ, балки дар назардошти гуногунии ҳолатҳо ва тағйирёбии муҳити бозору талаботи инсонӣ буда, саломатӣ, дину оин, оила, таваллуд ва тарбияи кӯдак, дастгирии дармондагон ва сиёсати ҳамкориҳои байналхалқӣ, доимо дар инкишофу ташаккулёбӣ будан, таъмини муҳити солим, самаранокии захираҳо ва истифодаи потенсиали ақлониро бояд пурра дар бар гирад.

пешина
аз 566
навбатӣ