Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фақат дар сухан бошад, чунки вақте ба одамон наздик шуда ҳамкорӣ мекунед ва ба онҳо ҳалиму ғамхор мегардед, онҳо низ чунин ғамхорӣ изҳор хоҳанд кард. Чуноне ки Луқмони Ҳаким ба писари худ насиҳат карда мегӯяд: «Писарам ба шахсоне ки бо ту ҳамкоранду зердаст бовар кун!», ки дар ҳикояти Подшоҳ ва Вазир омадааст:

«Дар замоне Подшоҳи одилу хирадманд ва Вазири доною кордон бо ҳам якуоя ҳукмронӣ мекарданд. Кору фаъолияти роҳбарӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд ва кадом кору масоиле пайдо мешуд, Подшоҳ албатта, аз Вазири худ маслиҳат мепурсид. Ҳамин тариқ 30 сол якуоя кору фаъолият карданд. Ин ҳолат ба чашми баъзе аз нотавонбинони дарбор писанд набуд ва кӯшиши онро карданд, ки Вазирро дар назди Подшоҳ бадном кунанд. Кор ба ҷое расид, ки дар ҳақиқат дигар Подшоҳ ба Вазир бовар намекард. Ва ҳатто рӯзе Вазирро ба ҷавобгарӣ кашида, ба ҳукми қатл маҳкум карданд. Қоидаи он давлат чунин буд, ки каси ба ҳукми қатл маҳкумшударо ба пеши сагони дарранда мепартофтанд. Дар намоишгоҳ, пеш аз он ки Вазирро ба назди сагон партоянд, Подшоҳ аз ӯ пурсид, ки «Сухани охирини худро бигӯяд». Вазир илтимос кард, ки ба ӯ 10 рӯз мӯҳлат диҳанд, то ба шахсони қарздори худ ҳисобӣ кунад, ба зану фарзанди хеш васият намуда, меросашро худаш ба зиндагӣ байни меросхӯрон тақсим намояд.

Подшоҳ ризо мешавад ва 10 рӯз ба вазир мӯҳлат медиҳад. Вазир аз зиндон зуд ба хона баргашта 100 тангаи тилло гирифта, ба назди сагбони зиндон рафта илтимос мекунад, ки 10 рӯз сагбонии зиндонро ба ӯ супорад. Сагбон ризо мешавад ва вазир 10 рӯз сагбонӣ карда, онҳоро сила карда, хӯрок медиҳад ва чунон нигоҳубин мекунад, ки сагҳо ба вай унс гирифта, меҳрубон мегарданд. Вақте ки рӯзи 11-ум ба дарбор омада, барои иҷрои ҳукми қатл шурӯъ мекунанд, подшоҳ низ иштирок дошт ва вазирро ба назди сагон мепартоянд. Ҳама дар андешаи он буданд, ки ҳозир сагҳо вазирро пора-пора карда мехӯранд. Аммо вақте ки вазирро ба назди сагон партофтанд, сагҳо наздик шуда сару рӯи вазирро лесиданду бо як меҳрубонӣ дар гирдаш ҳалқа заданд. Подшоҳ ин аҳволро дида дар ҳайрат шуд ва аз вазир пурсид, ки сабаб чист? Вазир гуфт, подшоҳи меҳрубон ман ҳамагӣ 10 рӯз ба ин сагҳо хизмат кардам, имрӯз онҳо он меҳнати маро қадр карда, ба ман меҳрубонанд, чӣ хеле

пешина
аз 566
навбатӣ