Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хирадмандон дар он ақидаанд, ки худифодагарӣ ба монандӣ ихтироот буда, бояд ба зиддиятҳо пайваста ташаккул ёбад. Ё мисоли дигар, барои он ки маблағ ба даст оред, зарур аст талаботи муайяни одамонро таъмин карда тавонед. Ё мол истеҳсол намоед ва ё лексия хонед ё суруд хонед ва ғ. то одамон тайёр бошанд, ки барои ин ҳаловати хеш ба Шумо музд диҳанд.
Таваҷҷӯҳи одамонро ба худ ҷалб намудан ин як навъи маблағ ситонидан аз онҳо буда, дигаронро метавонад ба рашк ва ҳасад оварад. Барои чунин имконотро аз даст надодан, роҳбар бояд доимо дар ҷустуҷӯи ақидаҳои навин ва ҳайратоваре бошад, ки мардум амалӣ гаштани онро интизорӣ кашанд. Ва мардумро дар ҳайрат гузошта, маҷбур созед, ки оиди кору боратон ва умуман шахсиятатон шоиста сухан гӯянд, то аз диққати мардум дур нагардед ва мавқеи ҳукмрониатонро аз даст надиҳед. Агар зинаи роҳбариатон пасттар ва барои худнишондиҳӣ кифоя набошад, бо кӯмаки шахсияте шинохтае, ки дар зинаи болоӣ қарор дорад, кору фаъолият намуда, метавонед мардум ва зердастонро ба худ моил сохта, ба комёбиҳо ноил гарбед. Ва ё мунаққиди шахсияти шинохтае гарбед, то диққати дигаронро ба худ ҷалб карда тавонед, лекин доимо дар хотир дошта бошед, ки ин усулҳо метавонанд самараи баръакс низ диҳанд. Бинобар ин, вақте ки аллакай диққати гурӯҳеро ба худ ҷалб карда тавонистед, тактикаи худро дигар ва барои боло рафтани хеш сайъу кӯшиш намуда, ба он боварии мардум сазовор гарбед. Ин бозӣ доимо ҳушёрӣ ва чолокиро талаб карда, идома додани эҷодкорию ташаккули пайвастаи роҳбарӣ мебошад. Шахсияте ин бозиро мебарад, бояд ҳар замон чизи нави эҷодию ихтироотро ба майдон гузорад, ки ҳамон гурӯҳи мардумро боз дар ҳайрат биёрад. Ҳамон вақт ба Шумо ғалаба мекунанд, ки усул, роҳу захираҳои молию пулӣ ва моликияти зеҳниатонро омӯхтаанд ва медонанд, ки ақидаи наве надоред. Бинобар ин, доимо ҷилодиҳанда будан зарур аст. Он чизе ки ба чашму дил нур намедиҳад, ба хотир низ сабт нагашта, аз ёд меравад.

Албатта, дар олами инсонӣ он чизе, ки рӯшноӣ дорад ва нав мебошад,
доимо диққатҷалбкунанда мебошад, чуноне ки дар мавзӯи пешина мо таъкид
доштем, пешакӣ доир ба сирри роҳбариатон ва ё ихтироотон ҳарфе нагӯед, то
одамон «доимо интизори фикри тозаи Шумо бошанд. Ин интизории одамонро
низ барои худнишондиҳӣ ва дӯстдории зердастон истифода карда, қоидаи махфӣ

пешина
аз 566
навбатӣ