Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз ин хотир, доимо дар андешаи тоза нигоҳ доштани ҳамон хислатҳои наҷибатон бошед, ки онро халқ дар Шумо шинохта гирифтааст ва аз рӯи он мавқеатонро муайян сохтааст. Ин хислат дар ҳама ҳолат бояд нишонаи асосии шиносномаи сарвариатон гардида, вақте ба майдон мебароед, маҳз аз ҳамин нукта бояд шурӯъ намоед ва аз ҳамин нукта бояд муаррифӣ шавед. Дар чунин ҳолат дар кору фаъолият бо худ ду боварӣ, яъне нерӯи боварии шахсӣ ва нерӯи боварии мардумро гирифта аз уҳдаи масоили гузошташуда мебароед ва мавқеи сарвариатонро боз ҳам мустаҳкамтар менамоед. Ҳолатҳое низ дар ҳаёт мушоҳида мешаванд, ки дар баробари гузаштани вақт ва ба майдон омадани қувваҳои сиёсии дигар ва иваз шудани арзишҳо, инчунин, вобаста аз синну сол мавқеи шуморо бо арзишҳои қаблӣ нигоҳ дошта намешавад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як сарвар доимо аз худ огоҳ бошад ва барои худшиносӣ саъю кӯшиш намуда, дар худ арзишҳои баланди мавқеиро тавлид карда тавонад, то ӯро боз аз он ҳам баландтар бардоранд. Барои ин нерӯи боқуввати дохилаи шахсиятҳо зарур аст, ки аслият ва дар кадом мавқеъ қарор доштани сарварро болои об мебароранд ва шояд боз атрофиён ва шахсони дудила ва ҳатто душманиҳо Шумо ақидаи худро нисбататон дигар созанд ва муносибат низ ба тарафи мусбат майл намояд. Сарчашмаи дигари муваффақият дар ин ҳолатҳо ҳамкорон ва ё муттаҳид шудан бо одамоне мебошад, ки дар ҳақиқат Шуморо мефаҳманд ва дастгирӣ менамоянд.

Ҳамин тариқ, мавқеи сарварӣ ганҷинае мебошад, ки доимо бояд пурра карда ва тоза нигоҳ дошта шавад ва ба касе имкон надиҳад, ки ба ин ганҷина имкони даромадан дошта бошад. Махсусан, вақте Шумо дар аввали роҳ қарор доред ва бадхоҳони зиёде мехоҳанд ин ганҷинаро аз хасу хошок пур созанд, ки арзише надорад. Дар назар дошта бошед, ки ба мавқеи шумо рақибатон бо яроқи пуркуввате ҳуҷум мекунанд ва хоҳиши пурра барҳам доданатонро доранд, худро ҳимоя карда, аз роҳи асосиатон ҳеҷ гоҳ набароед, мавқеатонро дар ҳамон самт боз пуркуваттар гардонида ба пеш ҳаракат намоед. Инчунин, ҳеҷ гоҳ ба мавқеи дигарон андешаи ҳуҷум овардан ва бадбинию бадхоҳӣ накарда, тавонед аз мавқеи душманатон низ ҳирадмандона истифода намоед. Агар Шумо тасодуфан ҳам мавқеи шахсеро аз байн рабудед, дониста бошед, ки мавқеи худатон низ заиф гардида, оқибат худатон низ қурбонии чунин ҳуҷумҳо мегардед.

пешина
аз 566
навбатӣ