Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ки кадуе афтиду аз даруни холии ӯ донаҳои каду ба чор тараф пош хӯрд, қисме ба дарё афтид, акнун онҳоро манъ кардан мушкил ва такрор ба такрор мегуфт:
«дарун холӣ! дарун холӣ! дарун холӣ!»
Бояд гуфт, асбобҳои мусиқии зиёде дар ҳамин давра ба вуҷуд омада, хазинаи фарҳангии тоҷиконро дар ҳамон замон хеле ғанӣ гардонистаанд, ки то имрӯз аз он тамоми мардуми Машриқзамин ва умуман аксари мардуми дунё истифода менамоянд. Санъати навозандагӣ ва сарояндагӣ дар ин давра мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти мардумиро дар бар гирифта, дар дарбори шоҳ ҳофизону раққосон ва ширинкорони зиёде хизмат мекарданд, аз рӯи баъзе маълумотҳо шумораи онҳо то 10 ҳазор мерасидааст. Аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносӣ, дар табақҳои нақшбандишудаи таърихӣ, ки зиёда аз 1000 адад мебошанд, лаҳзаҳои гуногуни ҳунармандӣ тасвир шудаанд. Муаррихон менависанд, вақте ки Борбад месароид, ҳама ватанпарастони замонаш паноҳ дар чашм мениҳоданд, чуноне, ки дар маъбади Зардуштии ҳангоми шунидани Авесто мекарданд.
Шоҳ Хусрави Парвиз мегуфт: «Ман одамони боҳунару бузурги Эронро беҳтар аз ганҷинаҳо ҳимоя мекунам. Ганҷинаро метавон бой дод ва аз нав ғун овард, вале одами бойдодаро дигар наметавон баргардонид» ва ӯ доимо таъкид мекард «Борбад - ганҷи асосии давлат донишмандонанд. Онҳо нахоҳанд гузошт, ки номи мо гум шавад. Онҳо дурӯғро косту ростро зиёд мекунанд (ҳикояҳои Борбад).
Бояд тазаккур дод, ки дар охири замони Сосониён, дар дохил ва беруни мамлакат равияҳои гуногуни мазҳабию динӣ пайдо шуданд, ки авзои мамлакатро тезу тунд намуданд. Махсусан, мазҳабҳои Монӣ ва Маздак хеле агрессивӣ буда, пешвоёни онҳо бо ҳар роҳу усулҳо мақсадҳои ғаразноки худро ҷорӣ мекарданд.
Маҳз дар охири замони Сосониён табақабандии ҷамъият ба дараҷаи аъло расида ба чор табақаи мушаххас тақсим мешавад: Рӯҳониён; лашкариён; дабирон ва аввом-ун-нос. Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат аз як табақа ба табақаи дигар гузаштан хеле ва хеле мушкил буд, махсусан аз табақаи поён ба боло. Маҳз ҳамин нуқтаи бедолатиро аксари донишмандон маҳкум карда, сабаби асосии шикасти давлатдории Сосониёнро низ дар чунин шакли нодурусти роҳбарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё