Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
инсонро аз нигоҳи ҳунарӣ ба қалам оранд. Аз ин нигоҳ бояд гуфт, ки маҳз донишмандони тоҷик масъалаи шахсият ва рӯҳи инсонро ҳамчун қувваи созанда ва бунёдгар, яъне ба тавоноии олами ботинии инсон баҳои аввалиндараҷа доданд, ки ин ба нигоҳи роҳбарони Шӯравӣ таъсири мусбӣ расонида, охири солҳои 70-ум масъалаи зиндагии инсон, беҳбудии он дар иқтисоди планӣ мавқеи хоса пайдо кард.
Дар насри тоҷик аз номи шахс овардани фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ ва ҳиссаҳо пайдо мегарданд. Дар ин ҷода асарҳои безаволи Ф. Муҳаммадиевро бояд қайд кард, ки ҷанбаҳои фалсафии насри тоҷикро дар асарҳои «Суди рафиқона», «Дар он дунё», «Сӯзи Мунаввар» ва ғ. ҳамаҷониба таҷассум карда, дар он рафтори шахсони мансабдори дурӯғгӯй ва фиребгар, порагирону лаганбардорону ғайбатгарон зери танқид гирифта шуда, нависанда инсонҳоро ҳамеша ба меҳнати ҳалолу покиза даъват намудааст.
Рӯҳшиносӣ ва омӯзиши бадеии зиндагии инсонӣ аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти солҳои 70-80-ум қарор гирифтааст. Адибони тоҷик диққати асосиро ба инсони воқеӣ ва фаъолияти меҳнатии ӯ равона сохтанд. Мисол, асари Раҳим Ҷалил «Шӯроб», «Норак»-и Ю. Акобир, «Санги сипар» ва «Актёр»-и Сорбон ва ё «Роҳи ағба»-и Кӯҳзод асарҳое мебошанд, ки ҷанбаҳои гуногуни тарбиявӣ дошта, бори дигар мавқеи инсонро дар равоқи баланд мегузоранд.
Чуноне ки устод Мирзо Турсунзода қайд мекунад:
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафою аҳди бепоён гузор.
Шоир инсонҳоро ба софдилӣ, дӯстӣ, бародарӣ, вафою садоқат, лутфу эҳсон, ҳалимӣ ва хоксорӣ, шарафу шарафмандӣ ҳидоят карда, доимо бо халқ буданро парастиш намуда, кӯҳистони Тоҷикро макони мардуми дилсофу пок муаррифӣ намудааст:
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.
Муқаддас дошт ҳар кас, ки шарафро,
Набинад ҷабру зулми нохалафро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо