Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
муқтазои адл ҳаст ба он ҳукм фармоянд ва агар сирри он нек зоҳир нест ба нури фаросат дарки он бояд кард ва эътимод бар қавли ноқилон абояд намуд ва бузургон гуфтаанд: Зеби ҳукумат ба зевари фаросат аст!
БАДРИДДИН ҲИЛОЛӢ
Ҳилолӣ яке аз бузургтарин ғазалсароёни тоҷик дар асри XV ва аввали асри XVI маҳсуб меёбад, ки дар ашъори ӯ талаботи баланд нисбат ба арзишҳои хиради инсонӣ тасвир ёфтааст. «Ҳилолӣ» тахаллус гирифтани ӯро низ ба талаботи инкишофи башарии ашъори ӯ нисбат медиҳанд. Ба ин хотир зарур шуморидем, қисме аз ин ашъори пургановати шоирро ба Шумо пешкаш намоем.
Осори Ҳилолиро бештар ғазал, қасида, рубоӣ ва анвои дигари адабӣ ташкил мекунанд. Мавзӯъҳои дар ашъораш интихоб намудаи шоир низ монандӣ дигар бузургони мардуми тоҷик дӯстдории табиат, инсондӯстӣ ва ҳидояти зиндагонии хушу хуррам ва адлу инсофи амирону ҳокимон аст.
Чунончи ӯ мегӯяд:
Хез, то имрӯз бо ҳам соғари саҳбо кашем,
Хешро доманкашон то домани саҳро кашем.
Боғу бӯстон дилкаш асту кӯҳу саҳро ҳам хуш аст,
Ҳар куҷо гӯй, бисоти айшро он ҷо кашем.
Дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии замони Ҳилолӣ дигаргуниҳо ва тағйироти зиёде ба вуҷуд омада буданд ва ин албатта ба эҷодиёти шоир бетаъсир намондааст:
Саъӣ кардам, ки шавад ёр зи ағёр ҷудо,
Он нашуд оқибату ман шудам аз ёр ҷудо.
Аз ман имрӯз ҷудо мешавад он ёри азиз,
Ҳамчу ҷоне, ки шавад аз тани бемор ҷудо.
Дӯстон, қимати сӯҳбат бишиносед, ки чарх
Дӯстонро зи ҳам андохта бисёр ҷудо.
Ё ин ки дар дигар маврид мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё