Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар талаб мекушам ар ёбам зиҳӣ бахти баланд,
В- ар наёбам узри ман афтад бузургонро писанд.
Камари салтанат набояд баст,
Ҳар киро рағбати таносоист.
Аз машаққат куҷо биёсояд,
Ҳар киро ҳиммати ҷаҳонбинист.
Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор,
Домони талаб зи даст магзор.
Ҳар чиз ки дил ба он гарояд,
Гар ҷаҳд кунӣ ба даст ояд.
Дар субот ва истиқомат
Он пойдории бошад дар кифояти муҳиммот ва мудовимат бар дафъи маккора ва натиҷаи фавоиди фаллоҳ (деҳқон). Наҷоти ҳеҷ зумраро аз тавоифи (тоифаҳои) халқ ба сифати суботи он вобастагӣ нест, ки мулкро чӣ то суботи подшоҳ ба ривояти фармонбардорон ва дафъи қамъи мутамардон (саркашон) ва бадкирдорон наздики хосу ом равшан нагардад ва ҳашаму хадам сар ба хатои тоат ниҳанд ва аҳли бағӣ (аз дин гаштагон) ва фасод аз умури исёну инод эҳтироз намоянд. Пас, мулкро ба суботи истизҳор аст ва мулукро аз ӯ истимдоду истибшор......
Ҳар сар ки ёфт афсарӣ аз гавҳари субот,
Дар иқтидор бигзарад аз чарх то субот.
Ҳакиме гуфтааст, ҳар кӣ хоҳад, ки асоси салтанати ӯ аз нобудӣ амин бошад, бояд ки бинои кори худ бар суботу никор ниҳад. Фард:
Бинои кор бинеҳ бар суботу эмин бош,
Ки ҳар бино, ки бар асл аст, пойдор бувад.
Нишонаи субот ду чиз аст: Яке он ки дар ҳар коре ки шурӯъ менамояд,
итмоми он бар зиммаи эҳтимом лозим донад. Овардаанд, ки Қайсари Рум аз
Нӯшервон пурсид, ки бақои подшоҳӣ дар чист? Гуфт: «Ман ҳаргиз кор беҳуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё