Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар авф
Авф тарки уқубати гунаҳкор аст, дар ҳоли қудрат бар ӯ ва ин хислат дар фазилат бар ҷумлаи хислатҳои фоиқ аст...
Ҳуқамо гуфтанд: «Ҳарчанд гуноҳ бузургтар аст, фазилати авфкунанда зиёдтар аст» ...
Искандар аз Арасту пурсид, ки дар боби фалон гунаҳкор чӣ мегӯӣ? Гуфт: «Эй малик, агар гуноҳ набудӣ сифати авф, ки беҳтарин фазилат аст, аз касе зоҳир нашудӣ. Пас, гуноҳ оинаи авф аст ва гунаҳкор ба сабаби зуҳури он сифатшуда дар бораи ӯ бояд, ки ин маънӣ ба зуҳур расад:
Гуноҳ оинаи авфу раҳмат аст, эй шайх,
Мабин ба чашми ҳақорат гунаҳгоронро.
Искандар гуфт: «Авф дар чӣ вақт некӯст?»
Гуфт: «Дар вақти қудрат ва зафар бар хасм, то ба он авф шукргузории зафар карда бошад»... Оварданд, ки подшоҳе якеро ба амале фиристода буд ва аз вай тавре, ки подшоҳро нописандида буд, содир шуд. Подшоҳ ӯро азл карда бифармуд, побандаш карданд ва ба пойтахт оварданд ва итобу хитоб оғоз кард. Он бечора гуфт: «Эй шоҳ, андеша кун, туро ҳам фардо итоб... дар пеш аст:
Ман пеши ту мӯҷримам, ту дар пеши Худо,
Гар авф кунӣ, Ҳақ аз ту ҳам авф кунад.
Подшоҳро ин сухан писанд афтод ва ӯро банд бардошт ва тарбият карда боз ба сари амал фиристод......
Дар ҳилм.
Ҳилм яке аз ахлоқи бузургӣ аст.... Дар ҳадис омада, ки қавитарини шумо он кас аст, ки дарҳол ғазаби худро бияфканад ва молики нафси худ бошад....
Марди ҳалим он аст, ки селоби ғазаби ӯ ба он ки кӯҳи баланд агар дар мӯҳри ӯ афтад, барҳазар аст. Ӯ аз ҷой натавон биравад ва ноираи хашм бо вуҷуди он ки гиреҳу асир аз илтиҳоби он дар хатар аст, дар вай тасарруф натавон кард. Бе ҳилм оташи ғазаби ҳеҷ султон таскин наёбад ва бе муовинат бурдбории ҳеҷ ҳокиме боз гуфтугӯи рӯаё барнатобад, пас подшоҳи одил он аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё