Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Чун бувад сояи Худо султон,
Кай писандад хилофати шайтон.
Нашавад мар худойро соя,
То нагирад зи адл сармоя.
Шоир таъкид менамояд, ки кори ҷаҳон як сон набуда, баъди сабзиши дарахтон дар фасли баҳор ҳатман фасли хазон мерасад. Бинобар ин, доим бояд дар адлу адолат ва накукорӣ нисбати мардум омода бошем:
Ҷаҳонро дидаю фасли баҳораш, Бубину аз хазон гир эҳтибораш.
Бубин дамсардии боди хазонро, Бубин рӯҳзардии барги разонро.
-
-
-
-
- Макун андар кӯшиши халқ шитоб, Ки туро нест дар ин кор савоб.
-
-
-
Ҷомӣ дар дарбори подшоҳон хизмат накарда бошад ҳам, ӯ подшоҳони одилро парастиш намуда, пешрафти ҷомеаро пеш аз ҳама аз адолати онҳо вобаста медонад:
Пир гуфто, ки он аз мо буд,
Асари адли шоҳи воло буд.
Хок аз адли ӯ чу зар мешуд,
Кишти мо хӯшаи гуҳар мешуд.
Шоир ҳамчун як шахси диндор, офаридгори ҳарду ҷаҳон Худои яккаву ягонаро мепарастад:
Ду ҷаҳон соя асту нур туӣ,
Сояро мояи зуҳур туӣ,
Инну он сурат асту маънии ту,
Нест мавҷуд сурате бе ту.
Ҷомӣ низ мисли дигар донишмандон, зарурати ходимону ҳокимони боақлу хирадмандро дар дарбори подшоҳон таъкид карда, мустаҳкамию дурустии қарори роҳбарӣ ва амалӣ гаштани онро дар донишмандӣ ва хирадмандии подшоҳ ё худ надимони ӯ мебинад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё