Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдони Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ, мурғи арзанхораро.


Манъи Камол аз ошиқӣ, ҷони бародар кай тавон,
Панди падар монеъ нашуд расвои модарзодро.


Парда баргир, бубинад рӯҳат имрӯз Камол,
К-ӯ чу кӯтаҳназарон мунтазири фардо нест.


Зоҳид зи ту пӯшад назару зуд фурӯшад,
Ин бехабаронро нигар, ин бебасаронро.


Ба масҷид ҳафтае аз ту куҷо як саҷдаи лоиқ,
Ки дар одинае зоҳид ба шаш рӯзи дигар фосиқ.

Дар эҷодиёти Камол низ мавзӯи табиатдӯстдорӣ ва маҳбуби зиндагӣ будан хеле моҳирона таҷассум гардидааст:

Шаби баҳору шабистони боғу сӯҳбати ёр,
Чунин шабону шабистон, дило биҷӯ ба чароғ.


Сарви моро қадду болое хуш аст,
Дидани он гул тамошое хуш аст.
Сӯи лаб чашмаш ишорат мекунад,
К-он чӣ бодом аст, ҳалвое хуш аст.
Аз сари савдоиён холӣ мабод,
Сояи зулфат, ки савдое хуш аст.


Ҳар кӣ дар олам кам аз як лаҳза дур аз ёр зист,
Кард нақди зиндагонӣ зоеъу бисёр зист.


Висолатро ду олам қимат омад,
Ҳанӯз андар мақоми ман мазид аст.

пешина
аз 566
навбатӣ