Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ
(1320 – 1389)

Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз оилаи тоҷир ба дунё омада, баъди хатми мадраса касби мударрисӣ намуда, аз илми калом - ақоиди динӣ дарс мегуфтааст. Истеъдоди баланди шоирӣ ва машқи шеъргӯии Ҳофиз хеле барвақт сар зада, тахаллуси Ҳофизро низ аз ҳифзи аълои Қуръон гирифтааст.

Дар айёми ҷавонӣ Ҳофиз дар сӯҳбати вазирому шоҳон ҳамчун шоири хушкалом иштирок намуда, дар сароидани ғазалҳо ва базлагӯӣ хеле мушфиқ будааст. Ӯ дар замони ҳукмронии Хоҷа Абуисҳоқ дар дарбор буда, шӯҳрати шеърхониаш дар замони Шоҳмансур хеле баланд шуда, ба Форсу Ироқ паҳн шудааст:

Ироқу Порс гирифтӣ ба шеъри хуш Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.

Ё дар дигар ҷо ӯ менависад:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд:
Сиёҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.

Ҳофиз пеш аз ҳама вақтшинос буда, ғаниматии вақт, як лаҳзаи ҳаёти инсонӣ ва ҳарчи самаранок истифода намудани онро ба одамон пайваста таъкид кардааст:

Чу дар даст аст ӯде хӯш, бизан мутриб суруде хӯш, Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.

X X X X X

Илму фазле, ки ба чил сол дилам гирд овард,
Бисӯхт ақл зи ҳайрат, ки ин чӣ булаҷабист.

Ҳофиз ҳалли тамоми мушкилотро дар илму донишмандӣ ва ҳирадмандию ҳикматпарастии одамон дида мегӯяд:

Ҳикмати пири муғону нафаси риндон буд,
Ки зи банди ғами айём наҷотам доданд.

пешина
аз 566
навбатӣ