Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дил, ки зи мастӣ сӯи боло шитофт,
Ҳар чӣ фурӯ дид, ҳама ҳеҷ ёфт.

Амир Хусрав баландҳимматию ҷавонмардиро парасторӣ карда, инсонҳоро аз пастию хасисӣ ва порахӯрию дурӯғгӯӣ ба баландиҳо даъват кардааст. Илму донишро асоси сарватмандӣ ва тавоноии инсонӣ номида мегӯяд:

Чун набувад мард ба дониш азиз,
Гов бувад, хармагаси гов низ ...
Он ки ба зиндони ҷаҳолат гум аст,
Ҳаст гадо, гарчи зараш сад хум аст.
Мард, ки аз илм тавонгар бувад,
Кай назараш бар гуҳару зар бувад.
Таҷриба кардам зи ҳар андешае,
Нест накӯтар зи сахо пешае....
Дасти ҷавонмард бувад ганҷбор,
Дасти нагун ҳеҷ нагирад қарор.

Дар баробари ин, шоир боз таъкид месозад, ки илму ҳунарро ба зинаи хеле баланди касбӣ бояд омӯхт, на ин ки рӯҳбозию фиребгарӣ ва олимтарошӣ кард:

Аз ҳунари хеш кушо синаро,
Моя макун нисбати деринаро.

х х х х х

Олими беҳдон бувад аз ҳила дур,
Ҳеҷ касе соя набинад зи нур,
Илм ҳамон аст ба таҳқиқу бас,
К — аз раҳи таҳқиқ барори нафас.

Амир Хусрав низ ба монанди дигар донишмандони тоҷик ба хиради сухан ва муомилан хубу некӯ, рафтори ҳамидаи роҳбарон диққати махсус додааст ва сухани хушомадгӯҳои шоиртабъи дарбор, фолбин ва мунаҷҷимиро беэътибор шуморидааст:

Некӯи омӯз ба ҳар нокасе
З — он ки бадӣ ҳаст худ ӯро басе.

пешина
аз 566
навбатӣ