Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳам аз таъсири он беморӣ аст.
Заҳри ӯ дар ҷумла ҷуфтонсорӣ аст.
Дафъи ин иллат бибояд кард зуд,
Ки шакар бо он халас хоҳад намуд.
Ҳар хушӣ к-ояд ба ту номаш шавад,
Оби ҳайвон гар расад оташ шавад.
Кимиёи маргу ҷаск аст он сифат,
Марг гардад з-он ҳаётат оқибат.
Бас ғизое, ки зи вай дил зинда шуд,
Чун биемад дар тани ту ганда шуд.
Бас азизе, ки ба ноз ишқор шуд,
Чун шикорат шуд бари ту хор шуд.
Ошноии ақл бо ақл, аз сафо
Чун шавад дар ҳам фузун, бошад вило.
Ошноии нафс бо ҳар нафси паст,
Ту яқин медон, ки дам-дам камтар аст.
З-он, ки нафсаш гирди иллат метанад,
Маърифатро зуд фосил мекунад.
Гар нахоҳӣ дӯстро фардо нафир,
Дӯстӣ бо оқилу бо ақл гир.
Аз самуми нафс чун бо иллатӣ,
Ҳар чи гирӣ ту маразро олатӣ.
Гар бигирӣ гавҳар сангӣ шавад,
В-ар бигирӣ меҳри дил ҷанге шавад.
В-ар бигирӣ нуқтае бикре латиф,
Баъди даркат гашт безавқу касиф.
Ки ман инро бас шунидам кӯҳна шуд,
Чизи дигар гӯ ба ҷуз ӯ эй азуд!
Чизи дигар тозаву нав гуфта гир,
Боз фардо з-он шавӣ серу нафир.
Дафъи иллат кун чу иллат хав шавад,
Ҳар ҳодисе кӯҳна пешат нав шавад.

пешина
аз 566
навбатӣ