Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
чашму гӯш ба инсон фиребдиҳанда буда, инсон фақат метавонад дар натиҷаи дарки илмии масоил ва таҷрибаи аниқ аз маънои аслии воқеа хабардор шавад.
Қиссаи Бозаргон ва тутӣи маҳбуси ӯ, қиссаи макри Харгӯш ба Шер, ҳикояти гум кардани Шоҳ бозро ва дарёфт кардани он дар хонаи кампир, қиссаи гирифтор шудани боз миёни чуғзон ба вайрона, қиссаи оҳу ва оҳурони ҳарон ва дигарҳо аз саргузаштоне мебошад, ки Мавлоно тавонистааст бо ҳунари хеле баланди хирадмандона, ба рафтори беадлонаю харобкорона, золимию бадахлоқии роҳбарони даврони хеш, диндорону амирон баҳо диҳад ва рафтори бехирадонаи онҳоро маҳкум намояд.
Маҳз, ҳамин ҳунари воло тавонистааст, ки ин марди шарифро дар зинаи «ОЛИ» қарор дода, меҳру муҳаббат ва дӯстдориву рафоқатро аз ҷумлаи беҳтарин хислатҳои одамӣ муаррифӣ намоянд.
«Маснавии Мавлавӣ» саросар пур аз суханҳою ҳикматҳо, мақолу зарбулмасал ва ҳикоёте мебошад, ки ба тамоми мардуми дунё таъсири тарбиявию ахлоқии худро мерасонад. Шоир аз забони равону гании форсии тоҷикӣ истифода карда, дар интихобу ҷо ба ҷо гузоштани калимаҳо ва пайдарпайии мантиқии асар талоши зиёд кардааст, ки хонанда бо як завқи баланди тоҷикона аз хондани ӯ сер намегардад. Шояд дар ин ҷо санъати баланди аз илми шеър воқиф будани шоир бошад, ки радифу қофиябандӣ ва вазнҳо хеле ва хеле устодона омада, пайдарпайии мантиқӣ таъмин гардидааст. Албатта, шоир ин санъати волоро аз эҷодиёти Саноиву Аттор омӯхтааст ва бо ин қадар бузургӣ худро шогирд ва пайрави устодонаш Саноӣ ва Аттор мешуморад:
Аттор рӯҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ,
Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем.
Хонандаи азиз, «Маснавии Мавлавӣ» - зиёда аз 730 саҳифаи чопиро дар бар мегирад. Мо барои Шумо фақат имкони овардани як ё ду ҳикояро дар ин китобамон дорем. Боварӣ дорем, ки Шумо ин асари бузургро дастрас намуда, аз ин уқёнуси пуртуғёни маърифат баҳра хоҳед гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё