Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва пайравӣ қарор гирифта буд. Ин ҳукумати Шоҳаншоҳӣ аз роҳи адлу инсоф, додхоҳӣ ва ҳақпарварӣ пеш омада, бо ҳама доду арзи тамоми мардум расидааст. Волиён ва амироне, ки аз тарафи давлати Турониён таъин карда мешуданд, аз ҷумлаи ашрофиёни бонуфузи маҳаллӣ буданд ва бо таври якумра интихоб мешуданд. Онҳо дар қабули қарорҳои роҳбарӣ мустақил буданд ва миёни онҳо ва ҳукумати марказӣ ихтилоф ё худ норозигиме вуҷуд надошт ва муомилан тарафайн амал карда, ҳалли масоил одилона ва дутарафа сурат мегирифт.

Бояд гуфт, ки ҳамкории дину давлат ва пуштибонии онҳо аз якдигар аз ҳамон замон нишонаҳои муҳими давлатдории эронитабор ба ҳисоб меравад. Дар номаи мӯъбади мӯъбадони давраи Ардашери Бобакон таъкид шудааст: «Дин ва маликро ба як шикам зодаанд, ду банда аз якдигар ҷудо нашаванд ва салоҳ ва фасод ва сиҳат ва ҳукм, ҳарду як миҷоз доранд».

Ин матлаб дар ашъори А. Фирдавсӣ низ омадааст:
Чунон дину шоҳӣ ба якдигаранд,
Ту гӯй, ки дар зери як ҷодаранд.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба ҷой,
На бе дин бувад шаҳриёре бапой.
На аз подшоҳ бениёз аст дин,
На бедин бувад шоҳро офарин.
На он з-ин, на ин з-он бувад бениёз,
Ду анбоз дидемашон нексоз.1

Аз гуфтаҳои боло хулоса бармеояд, ки дар давлатдории форсҳо озодии дину оин ва андешаҳои шаҳрвандон хеле гиромӣ дошта шуда, дар давраҳои Пешдодиён, Каёниён, Ашкониёну Кӯшониён ва Сосониён низ давом ёфт. Бояд қайд кард, ки мардуми ориёинажод дастовардҳои илмию фарҳангии тамоми мардумро қадр мекарданд ва ба он назари хайр доштанд. Маҳз бо хизмати бузурги ориёиҳо илму фарҳанги шарқ дар байни юнониҳо паҳн гардида буд, ки мо онро ба Шумо, хонандаи гиромӣ, дар қисми аввали китоби «Менеҷмент» пешниҳод намудаем.

пешина
аз 566
навбатӣ