Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Донишмандон қаламро воситаи оддие номидаанд, ки фоидаи беандоза меорад.

Подшоҳони форс се шакли навиштани номаҳоро мепарвариданд:

  1. Навишти каҷ ӯ худ нуқрагӣ.
  2. Навишти рост ё тиллоӣ.
  3. Навишти мобайни ё ёқутӣ.

Моҳияти қалам он аст, ки агар тавассути шамшеру теғ мамлакат гиранд, бо воситаи қалам ӯро идора мекунанд ва он мамлакатро нигоҳ медоранд. Ба ин хотир қалам бояд дар дасти шахси комил бошад.

Эҳсоси асосии қалам дар панҷ чиз аст: гӯш, чашм, лаззат, ҳис ва масъулият. Ин панҷ чиз бояд дар бар бошад, қаламдорро. Бинобар он, вақте ки тоҷро сохтанд ва ба сар ниҳоданд ба он гӯшу гӯшвор, дастмонаю ангуштарӣ низ офариданд. То ин ки дар вақти навиштан таъсири нигину бозубанду дастбанду ангуштарӣ ба мазмуни хат таъсир бирасонад... Хати зебо аз зебогии нависандаи ӯ дарак медиҳад....

Дар бораи қалам ривояту ҳикояҳои зиёде ба чашм мерасад. Гуфторе ҳаст, ки «Як нуқтаи қалам ҳазор шамшер шиканад»....

Хонандаи азиз! Аз нигоҳи мо, ин гуфтаҳои Хайёми бузург таъкид бар он аст, ки роҳбаре қалам бар даст дораду ҳукм ва фармон содир менамояд, бояд андешаи натиҷагирӣ аз қудрату қуввати қалам карда, дар вақти иншо ба шитоб ва саҳву хато роҳ надиҳад. Хатои қалам хатои бузург аст, барои роҳ надодан ба он, аз ҳар як роҳбар дониш, хирад, сабр, андеша, тамкин, футувват ва олииҳиматию имони комилро талаб менамоем.

Гуфтор andar хосияти чеҳраи зебо.

Чеҳраи зеборо донишмандон саодатмандии калон ҳисобида, дидани рӯи зеборо нишонаи нек номидаанд. Мегӯянд, ки хушбахтии чеҳраи зебо ба одамон монанди сафедии рӯз бар осмон аст. Ё монанди либоси зебое дар сандуқ аст, ки ба муҳит насими форам дода худ кам намешавад ва чизе талаб надорад. Ё монанди инъикоси офтоб дар об аст, ки бе иштироки худи офтоб мегузарад. Зебоии чеҳраи одамон низ монанди таъсири рушноӣ буда, ба одамон бо доди

пешина
аз 566
навбатӣ