Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Бо калла ҳамегуфт, ки: Афсӯс, афсӯс, Ку бонги ҷарасдову чӣ шуд нолаи Кӯс?
Инчунин шоир ба беканории илму дониш, қобилияти ноайёни зеҳнии инсонҳо, асрори пур зи ганҷу неъмати дунё ишора карда, дар синни 72 - солагиаш менависад:

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд.
Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,
Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

НАВРӮЗНОМА1

Асари таърихию фалсафӣ ва панду ахлоқию тарбиявии Хайём
«Наврӯзнома» дар тарбияи наслҳо, аз ҷумла, роҳбарон, амирону подшоҳони
ҷаҳон ҳазорсолаҳо боз хизмати беназире карда омада истодааст. Дар ин
сарчашмаи бебаҳо Умари Хайём тавонистааст, ки хиради мардуми бузурги
тоҷикро хеле соддаву равон, ҳакимона, бо далелу мисолҳои оддии шоирона
нишон диҳад, ки ба аксари хонанда фаҳмою равшан аст. Мо низ мехоҳем ки
чанд мевае аз ин боғи маърифат ба Шумо хонандаи азиз чашонем: (аз забони
русӣ аз ҷониби муаллиф ин сатрҳо маъмунан тарҷума шудааст — Ғ.Т.)

Гуфтор андар одатҳои подшоҳони Эрон

Подшоҳони эронӣ дар тамоми давру замонҳо чунин одат доштанд, ки дастархонро зебою рангин ва беҳтар биороянд. Вақте замони халифати араб шуд, онҳо дастархонро чунон ороста буданд, ки ҳеҷ тасаввур карда ва бо сухан гуфта намешавад, яъне намудҳои гуногуни гӯштбирён, ҳалво, нону қаннодӣ, шарбу нӯшокию газак ва ғ. дастархони эшонро оро медод.

пешина
аз 566
навбатӣ