Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Оиди зиндагиномаи ин донишманд гуфторҳои зиёде вуҷуд доранд. Маълум аст, ки ӯ ба Хоҷа Низомулмулк ҳаммадраса будааст, дар Нишопур умр ба сар бурда, дар тибби қадим ва фалсафа пайравӣ ба устод Абӯалӣ ибни Сино низ доштааст. Ҳайёмро дар илм чун олими гаронқадр ва ҳакими бузурги диндор, рубоисарои машҳур ва файласуфи донишманд оиди шинохти «одамон - табиат - дин ва дунё» муаррифӣ менамоянд. Аз осори таърихии шоир бармеояд, ки ӯ на танҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тӯсӣ ба хубӣ огоҳ будааст, балки тариқи сурудани рубоиёти худ ин шоҳасари безаволро гӯё идома додааст. Чун дар ҳамосаи Ҳакими Тӯсӣ дар «Наврӯзанома»-и Ҳайём сарҳати ҳодисаҳо шоҳону амирон буда, хираду хирадмандӣ, адлу инсоф, рафтору кирдори хуби шоҳони Форс, зебоӣ ва зебоипарастӣ, ҳикматҷӯӣ ва донишпарастии онҳо дар идораи давлат хеле хуб таҷАССУМ ёфтааст ва мо баҳри бештар гаштани боигарии маънавиатон қисме аз онро ба Шумо хонандаи азиз мехоҳем пешниҳод намоем.
Дигар ин аст, Умари Ҳайём бо нозукиҳои хирадмандона мавқеи инсонро дар дунё, бебақоии умри кӯтоҳи инсонӣ ва зиндагонии хуби ҷовидонаро тасвир намуда, доимо аз Офаридгор илтимосу тавалло дорад, ки ӯро барои гуноҳаш бубахшад ва ба роҳи рост ҳидоят намояд:
Гар омаданам ба ман будӣ, н-омадаме.
В-ар низ шудан ба ман будӣ, кай шудаме?
Беҳ, з-он набудӣ, ки андар ин дайри хароб,
На омадаме, на будаме, на шудаме?
Бояд гуфт, ки Хайём дар баёни фалсафаи мантиқи ҳастию нестӣ дорои мавқеи аниқи худ буда, инсонҳоро ба илму дониш, хираду хирадмандӣ, ба самаранок истифодабарии вақт ва сарварию роҳбарӣ даъват намудааст:
Андешаи умр беш аз шаст манеҳ,
Ҳар ҷо ки қадам ниҳӣ ба ҷуз маст манеҳ.
З — он пеш ки косаи сарат кӯза кунанд,
Ту кӯза зи дӯш ва коса аз даст манеҳ.
Ё ин ки дар дигар ҷо мегӯяд:
Гуфтам, ки дилам зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё