Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
- Гӯсфанде бикуш ва беҳтарин аъзои ӯро ба назди ман ор.
Луқмони Ҳаким гӯсфандро бикушт ва дилу забонашро пеши хоҷа овард.
Рӯзе дигар гуфт:
- Гӯсфанде бикуш ва бадтарин аъзояшро биёвар.
Луқмон гӯсфанде дигар бикушт ва ҳам дилу забонашро овард.
Хоҷа гуфт:
- Ин чӣ гуна аст?
Гуфт:
- Ҳеҷ чиз беҳ аз дилу забон нест, агар пок бошад ва ҳеҷ чиз бадтар аз он нест, агар нопок бошад.
Абушукури Балхӣ гуфтааст:
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард.
Сухан талҳу ширину дармону дард.
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
(980 - 1037)
Мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар атрофи шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Падари Абуалӣ шахси фозиле буд ва ба тарбияи фарзанди худ эътибори ҷиддӣ медод. Сино дар синни 5-солагӣ машғули тадрис гардида, тез хату савод бароварда, Қуръонро аз ёд карда, қисми илми адабро омӯхт, баъдан риёзиёт ва геометрияро аз худ намуд. Вай бо роҳи мутолиаи мустақилона илмҳои машҳури он давр, - ҳандаса, ҳайат, илоҳиёт, ҳикмати табиӣ ва ғайраро омӯхт.
Донишманди бузурги тоҷик Сино дар ақидаи иҷтимоӣ адолатхоҳ ва халқпарвар буда, тарафдори шоҳи одил ва бомаърифат аст. Ӯ хашм ва зулмро мазаммат карда гуфтааст:
Ба ҳар диёр, ки хашми ту корзор кунад,
Замона бар сари хунобаи ҷигар гардад.
Магар, ки баҳр ба хоки дари ту назр бигашт,
Ки рӯзгор аз он дасти пургуҳар гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё