Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Гуфтанд:
- Марг чист?
Гуфт: - Хоби гарон.
Гуфтанд: - Чӣ чиз аст, ки ҳама хуррамӣ аз ӯст?
Гуфт: - Сухани бузургон.
Гуфтанд: - Он чӣ роҳ аст, ки вайро ҳеҷ рӯи офият — дурустӣ нест?
Гуфт: - Зулм бар мазлумон ва бечорагон.
Қобили қайд аст, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим то имрӯз дар байни мардуми тоҷик осори бузурги панду ҳикмати бо номи Бузургмеҳр, Луқмони Ҳаким ва Анӯшервони Одил паҳн гаштаанд, ки ба масоили асосии роҳбарӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, сулҳу амният, илму дониш, вафодорию хирадмандӣ, ҳалимию меҳрубонӣ, маърифатпарварию адолатпарастӣ, некию накӯкорӣ ва одаму одамгарӣ бахшида шудаанд.
Осори хаттии дигаре, ки мардуми мо тавассути он ба асрори дунё ва андарзҳои Луқмони Ҳаким шиносоии бештар пайдо намуданд, ин «Қуръон»-и Шариф мебошад, ки дар сураи 31-уми ин китоби мӯътабар аз ӯ ёдоварии мешавад.
Ҳамин тавр, аз нимаи дуюми асри VII шурӯъ карда, номи Луқмони Ҳаким ба воситаи Қуръони Шариф дар байни халқи Хуросону Мовароуннаҳр, ки асосан тоҷикон маскан доштанд, чун рамзи ақлу заковат, донишу хирад, накӯкориву адолат ва ғ. паҳн мегардад.
Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Мавлоно Фахриддин Алии Сафӣ.
Луқмони Ҳаким ошпази моҳир буд. Касе ӯро ба бандагӣ гирифт ва муддате хизмат фармуд ва аз вай осори илм ва ҳикмат мушоҳида менамуд. Рӯзе хоҷа ба расми имтиҳон вайро гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё