Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биёвард суллобу ахтар гирифт,
Зи рўзи бало даст бар сар гирифт.
Яке нома сўи бародар ба дард
Набишту суханҳо ҳама ёд кард.
Нахуст офарин кард бар Кирдгор,
К-аз ўяст неку бади рўзгор.
Дигар гуфт, к-аз гардиши осмон
Пажтуҳанда мардум шаванд бадгумон.

Чун ин нома санади муҳим аст ва мақоми шоистаи таърихӣ ва адабӣ дорад, дарёфт ва азхуднамоии матни пурраи он ба мақсади омўзиш ва баҳрабардорӣ аз манфиат холӣ нест. Ин маводро дар синфҳои боло баъзе хонандагон метавонанд қаблан тайёр карда, дар синф атрофи он суҳбат кунанд, ки ин шавқи ҳамсинфонашонро бедор мекунад. Ин суҳбати раҳнамо калиде мешавад ба ганҷинаи афкори ватандўстии Фирдавсӣ.

БОБИ 5

ТАЪЛИМИ ВАЗНИ ШЕЪРИ ТОҶИКӢ

Арзиши сухан ва хоса мақоми шеъру хониши муассири
он аз замонҳои қадим барои ниёкони мо ҷойгоҳи намоён
дорад. Шеър ва каломи мавзун бо хушоҳангӣ ва дилрабоӣ
ҳамсафари ҳамешагии ниёкон буд. Мушкилот ва масоили
гуногуни назарияи адабиёт аз замонҳои қадим бо тарзу
усулҳои ҷудогона омӯзонида мешуданд. Дар асрҳои миёна
донишмандон Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Ар-Родуёнӣ,
Шамси Қайси Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Рашиди Ватвот, Муҳаммад Авфӣ ва чанде дигарон низом ва системаи масъалаҳои назариявии каломи бадеъро муайян кардаанд.

пешина
аз 344
навбатӣ