МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Кори маҷбурии азхудкунии асари бадеӣ шавқи хонандагонро кушта, дар ниҳояти кор нисбат ба хондан дилсард мекунад ва ба рушди шахсият зиёни ислоҳнашаванда мерасонад.
Яке аз ҳадафҳои дарси раҳнамо хонандагонро шавқманд карда, дар онҳо хоҳиши хондани асари бадеиро бедор кардан аст. Ин кор ба василаҳои гуногун иҷро мешавад. Масалан, пеш аз хондани асаре, ки дар боби табиат, фаслҳои сол баҳс мекунад, хонандагонро ба тамошои табиат бурдан судбахш аст. Онҳо махсусияти табиат, фаслҳои солро, ки дар асари бадеӣ тасвир шудааст, омўхта ҳодисаҳои гуногунро ташхис медиҳанд. Хонандагон дар ин замина аз рўи мушоҳидаашон метавонанд иншои тасвирӣ нависанд ва то ҷое муассирии тасвири шоиронаро дар қиёс бо матни хондаашон амалан дарк ва эҳсос кунанд.
Воситаи аёнӣ ҳамон вақт ба ҳадаф мерасад, ки агар бо суханони омўзгор мутобиқат кунад. Маводи интихобкарда набояд танҳо аз ҳисоби хушки санадҳо, шахсиятҳо, ҳодисаҳо иборат бошад. Маҳорати омўзгор, дониши ҳаматарафаи ў, муҳаббаташ ба касб, сухани бурро, унсият бо синф, ба ҳисоб гирифтани синну соли хонандагон, интихоби саҳеҳи мавод заминасози муваффақияти кори муаллим аст.
Ба назари мо, интихоб ва хондани (ҳатто аз ёд кардани) порае аз «Номаи Рустами Фаррухзод» беҳтарин раҳнамо барои дарки ҳашамати таърихӣ ва маънавии Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ўст.
Рустам ин номаро аз ҷанги Қодисия ба бародараш менависад, ки иборат аст аз тавзеҳоти равшане дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоии Эрон дар оғози қарни панҷум. Вазъи ошуфтаи кишвар, ки бар асари тасаллути тозиён ва ғалабаи ғуломони турк ва туркзодони аморатҷўй падид омада буд, дар ин санади бисёр бузурги таърихиву адабӣ бисёр муассир будааст, ки Фирдавсӣ нигоштааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё