Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Омодагӣ барои шинос шудан бо асар дарки бунёди ғоявӣ ва мавзўи асарро осон мекунад. Ин усул бо баёни ахбори гуногуне, ки бе донистани он фаҳмидани моҳияти асари бадеӣ душвор мешавад, амалӣ карда хоҳад шуд. Ин метавонад тафсири таърихӣ бошад. Масалан, муаллим пеш аз хондан ё хонондани матни очерки устод Садриддин Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар синфи VII оид ба ҳуҷуми муғулон ба Осиёи Марказӣ маълумоти мухтасар дода, моҳияти ин ҳуҷуми истилогаронаро шарҳ медиҳад.
    Ҳамчунин, асоси таърихии асар ва таърихияти тасвир низ бояд эзоҳ ёбад. Дар замони ҳуҷуми фашистон ба хоки Шўравии собиқ ба ин мавзўъ даст задани устод Садриддин Айнӣ низ бояд арзёбӣ шавад.
    Таъкид мекунем, ки ҳикояти муаллим дар бораи сарчашмаҳои ҳаётии очерк фаъолиятнокии хонандагонро дар роҳи дарки асар зиёд мекунад ва тасаввуроти содаю воқеъгароёнаи онҳоро ислоҳ менамояд.
    Тафсири таърихии ҳаётӣ ва таърихии фарҳангӣ дар ин ҳол маълумоти таърихиро такмил ва тақвият мебахшад, ки ба хонандае, ки аз замони шурўи ҳодисаҳо хеле дур аст, барои дарки саҳеҳи воқеияти он замон ёрӣ мерасонад. Ҳамин тариқ, омўзгор ба тарзи дастрас дар бораи ҳуҷуми истилогаронаи муғулон нақл мекунад. Маводи тасвирӣ ва намоишӣ ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ки дар бораи таърихи ҳуҷуми муғулон ва моҳияти ватандўстонаи муборизаи хуҷандиён тасаввуроти комил пайдо кунанд.
    Дар синфҳои боло тафсири таърихии адабиётшиносӣ, ки таърихи таълифи асар, мавқеи он дар эҷодиёти адиб ва ҷараёни адабиро фаро мегирад, ҷойгоҳи хос дорад. Масалан, хонандагони синфи даҳ бе маълумоти пешакӣ шояд асоси таърихию иҷтимоии «Ҷаллодони Бухоро»-и устод Айниро дарк накунанд. Ба ҳамин монанд маълумоти пешакӣ доир ба зиндагиномаи Аҳмади Дониш лозим аст.
  2. Шавқи хонандагонро ба асари барномавӣ афзудан паҳлуи дигари мундариҷаи дарси раҳнамо мебошад. Дарки осори ҳунар ҳамон вақт лаззатбахш аст, ки агар хонанда аз воқеаҳо, сарнавишти шахсиятҳо пешакӣ лаззат бубарад, агар ин шавқмандӣ дар тамоми ҷараёни кор бо матн риоя шавад.
пешина
аз 344
навбатӣ