Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мадрасаҳо илмҳои калом, балоғат, қофия, арӯз, саноеъи бадеӣ, суханварӣ ва дар умум қонунҳои осори бадеӣ, ҳунари шоирӣ ва сабкҳои адабӣ омӯзонида мешуд, ба воситаи баҳсу мунозира, суҳбату муҳокимаҳои адибон ва донишмандон дақиқ ва устувор мегардид.
Дар ин замина, яке аз рукнҳои таълими адабиёти тоҷик интихоби матну маводи арзишманди осори адабӣ буда, шинохту арзёбии он тавассути таълими асосҳои назарияи адабиёт, махсусият ва фарқияти байни назму наср, омўзиш ва таълими вазни шеър , воситаҳои тасвири каломи бадеъ ва дигар масоили адабиётшиносӣ сурат мегирад. Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми таълими мавзӯъҳои назарияи адабиёт пайдарҳамӣ, муназзамӣ, дақиқназарӣ, системанокӣ ва алоқамандии зинаҳои таълим ва хусусияти равонию дидактикӣ ба инобат гирифта шавад. Вабаста ба ин, дар барномаҳои таълимии мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ва факултаҳои суханшиносии донишкадаву донишгоҳҳо таълими вазнҳои шеъри тоҷикӣ ва шарҳу тафсири каломи мавзун аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.
Сарчашмаи ин ҳама созандагӣ ва ҳалли мушкилоти омўзишу парвариш дар дастрасии таҳсилоти босифат аз суруди аллаи модарон оғоз гардида, баъдан дар боғчаи кўдакон бо сурудҳои гуногун, аз «Бойчечак», «Ман калон мешавам», «Олуча гули бодом», «Гумон набаред» ва ғайраҳо идома меёбанд. Аз нахустин қадам ба остонаи мактаб наврасони хурдсол ба азхуд намудани «Алифбо» ва аз ёд намудани байт ва порчаҳои шеърӣ рубарў мешаванд.
Хонандагони хурдсол дар зинаи аввали таҳсил ба сухани мураттабу оҳангдор, мавҷудияти каломи мавзун, ки баъдтар бо номи назм ва шеър ёдрас мешавад, шинос мегарданд.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин давраи таҳсил бояд хусусияти педагогию психологии ташаккули хонандагони хурдсол ба эътибор гирифта, дар асоси меъёрҳои соддаи фаҳмишу идрок инкишоф ёбанд.

пешина
аз 344
навбатӣ