МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Нақши адабиёти бадеӣ дар шаклгирии рўҳияи худшиносии миллии хонандагон ниҳоят бузург аст. Осори бадеӣ ҳисси эҳтиромро нисбат ба халқҳои дигар ва мероси маънавии онҳо дар хонандагон афзоиш медиҳад.
Ин ҳадафҳо ҳамон вақт воқеӣ мешаванд, ки таълими ин фан дуруст ба роҳ монда, ҳангоми таълим хусусияти хоси адабиёти классикӣ ва муосир ба ҳисоб гирифта шаванд. Дар ин замина таҷрибаи гузаштагони худро омўхта, аз таҷрибаи мактаби маорифпарварони қарни бист, инчунин, аз таҷрибаи мактаби имрўзаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ҳамзабононамон истифода кунем. Бинобар ин, бояд бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ахлоқ ва тафаккури миллӣ таълим дода шавад.
Агар суннатҳои забонӣ ва адабии ҳазорсолаи халқамон дар таълими ин фан ба ҳисоб гирифта нашаванд, идроки хонанда халал меёбад. Бинобар ин ҳам, равиши таълиме, ки барои адабиёти Аврупо ба кор меравад, дар бисёр маврид барои мактаб ва муҳити маънавии мо бесуд ва ё зиёнбор аст.
Таълими низоми бадеии адабиёти бегона ба меъёрҳои зебоишинохтии фарҳанги дигар мутобиқ кардани омўзиши адабиёти тоҷик фаҳмиши суннатии моро то ҷое таҳрик бахшид ва таъсир гузошт, заминаҳои фарҳангию таърихии идроки хонанда тағйир ёфт. Бинобар ин, дар ҷараёни таълими адабиёти тоҷик унсурҳои суннатии тафаккури бадеӣ ва низоми ягонаи фарҳангии таърихиро бояд ба назар гирифт.
Бо ин ҳама мушкилот наметавон маҳдуд ва қаноатманд шуд. Таҳсилоту тарбият дар ҷаҳон ҳамеша зудтағйир ва ба ҷаҳони маънавию бадеии хонандаи муосир таъсиррасон аст.
Дар шароити имрўзаи ҷаҳон бо дастрасӣ ба воситаҳои зиёди иттилоотӣ хонандаро ҳамон вақт метавон ба адабиёт ҷалб кард, ки агар моҳияту мазмуни адабиёт ва таълими он ба рўҳия ва набзи замон мувофиқ бошад. Ба ифодаи донишманди эронӣ Абдулҳусайни Зарринкуб, «фақат лозимаи ин тавфиқ он аст, ки дар барномаи тадрис ба ҷои арза кардани он чи мушкил ва номаънус ва оганда аз чоплусиву худнамоӣ аст, чизҳое арза шавад, ки ҷанбаи инсонии он имкони гуфтушунуди бештаре байни устод ва шогирд ба вуҷуд оварад».
Мутаассифона, равишу усули (методикаи) таълими адабиёт дар мактаби миллии мо ҳанўз ҳам комилан ба таҷрибаи дарси адабиёти русӣ такя дорад. Ҳол он ки «дар марҳилаи маънирасӣ бисёре аз равиш (метод)-ҳои омўзиши адабиёт, ки донишмандони рус барои синфҳои 5-11 муайян кардаанд, ба кор намеояд»
М.Шакурӣ равишҳои маорифпарварону донишмандони русро воситаи хубе барои омўзиши адабиёти реалистӣ ва муосир медонад ва меафзояд: «… дар мактаби тоҷикӣ ҳангоми омўзиши адабиёти ҳозираи тоҷикӣ, чунончи эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон аз он равишҳо метавон истифода кард. Барои омўзиши адабиёти ҳазорсолаи форсӣ-тоҷикӣ равишҳои дигаре бояд ба кор барем. Омўзиши адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ дар бисёр мавридҳо равишҳои хос мехоҳад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё