МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
раҳоӣ аз бадбахтиҳои маънавию ахлоқиро хеле амиқ ифода мекунад:
«Сифати асосӣ дар ҳастии одамӣ одамият аст. Ва ҳол он ки одамият бидуни рўҳу дил, бидуни маънавият тасаввур намешавад. Комилан ба зуҳур овардани моҳияти инсонии инсон, фаъол кардани моҳияти аслии ў бояд мақсади асосии таълиму тарбияи коллективи меҳнатӣ, кори идеологӣ, ҳар як чорабинӣ, тамоми ҷамъият бошад. Одамӣ, пеш аз ҳама, бояд одам бошад, баъд мутахассис, олим, табиб, инженер, юрист, геолог ва ғайра, на баръакс. Танҳо дар ҳамин сурат одам метавонад, ки мутахассис, ватандўст ва интернатсионалисти ҳақиқӣ шавад. Дар акси ҳол ихтисос дониши фаровон, назари пурвусъат, кордўстиву маҳорат ва дигарҳо, инчунин, ватанҳоҳиву интернатсионализм ва ғайра мумкин аст, ки аз маънои аслии худ, аз асоси гуманистӣ маҳрум монад».
Дарси адабиёт, бешак, инсонро ба роҳи одамият ҳидоят карда, ҷомеаро низ аз бисёр бадбахтиҳои эҳтимолӣ наҷот мебахшад. Дар зинаи имрўзаи инкишофи ҷомеаи инсонӣ, мактабу маориф ва махсусан, адабиёт масъулияти сангинеро бар дўш дорад, яъне дар роҳи тарбияи насли миллатдўсту ватанпараст, некхоҳу башардўст масъул аст. Вай, ҳамчунин, тафаккур ва эҳсосоти инсонро вусъат бахшида, завқи бадеиро ташаккул медиҳад. Бунёди маънавӣ, ахлоқӣ ва зебошинохтии адабиёт дар ҳаддест, ки мақоми онро дар ташаккули ҳиссиёти шаҳрвандӣ ва ормонҳои ахлоқии шахс бебадал сохтааст.
Адабиёти гузашта ва муосири тоҷик арзиши бузурги тарбиявӣ дошта, ғояҳои бузурги одамият, ҳамраъйӣ, инсондўстӣ ва ғайраро фаро мегирад, онҳо ба ташаккули шахсияти инсон таъсири созанда ва муфид мегузоранд.
Таълими адабиёт омилҳои фасоди ахлоқи инсон ва заифияти ҷомеаи инсониро ёдрас мекунад, инсонро ба роҳи худсозӣ ва худафрўзӣ ҳидоят менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё