Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Адабиёт дар ташаккули ёди таърихӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллии наслҳо мақоми беназир дорад. Таълими равишманди адабиёти тоҷик дар макотиби кишвар омили ташаккули насли бомаънавият ва иқтидормандии давлати тоҷикон хоҳад буд.
Адабиётро дарси инсоншиносӣ гуфтаанд ва тавассути он хонандагон гузаштаву имрўзаро меомўзанд, рў ба оянда меоранд, амалу кирдор ва рўҳияи инсонро дарк мекунанд.
Бинобар ин Арасту инсонро «маводи аслии шеър» дониста буд.
Омўзиши адабиёти тоҷик дар мактаб бештар ба шинохти ҳастии инсон, зиндагии ибратомўз, ҳунари суханварӣ ва маърифати ҳусн қарор гирифтааст. Дар ин радиф омўзиши назми оламшумули адабиёти форсӣ- тоҷикӣ дар таълими адабиёт ҷойгоҳи намоён дошта, махсусан, масоили шеър, муназзамию мантиқӣ ва хушоҳангии каломи мавзун, риояи вазну қофия, санъатҳои бадеӣ, маҳорати суханварӣ ва умуман, мушкилоти шеършиносӣ аҳамияти муҳим дорад.
Имконияти адабиёт хеле фарох аст. Вай ба будаву набуда муроҷиат мекунад. Фароянди ҳаёти ҷомеа ва зиндагии маънавии инсонро тасвир мекунад. Вазифаи маърифатбахшоии вай маҳз дар ҳамин аст.
Азбаски адабиёт василаи образноки дарк ва таҷассуми воқеият аст ва ба эҳсосот ва неруи намодӣ такя дорад, бинобар ин, нақши адабиёти асил дар тарбият ва таҳзиби инсонҳо муассир аст.
Воқеан ҳам, уфуқҳое, ки адабиёт барои инсонҳо мекушояд, таҷрибаҳоеро менамояд, ки хеле амиктар ва инсонитар аз воқеияти зиндагианд.
Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва тазодҳои ахлоқӣ вазифаи аслии таълими адабиёт тарбияи инсони бомаърифат ва боадаб аст, инсоне, ки рисолатмандии миллӣ, ватанхоҳӣ ва инсонпарварӣ дошта бошад. Дар ин замина суханони академик М. Шакурӣ мохияти таълими адабиёт ва усули

пешина
аз 344
навбатӣ