Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, дар ташкили корҳои беруназсинфӣ ва хониши мустақилонаи асари бадеӣ таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии хонандагон ба асари хондашаванда, муҳимияти мавзўъ, арзиши ғоявӣ ва қимати бадеии асар бояд ба инобат гирифта шавад.
Аз ҳамин сабаб омўзгор номгўи асрҳои фориғ аз таҳсил хондашавандаро муайян менамояд ва пурсишномаҳои гуногунро мураттаб сохта, ба хонандагон пешниҳод менамояд. Номгўи асарҳо барои хониши мустақилона тибқи талаботи стандарт ва барномаи таълими адабиёт тавсия мегардад. Намунаи пурсишнома барои ин самти фаъолият чунин аст:

  1. Кадом асарҳои бадеиро фориғ аз дарс хондаед?
  2. Ба шумо кадом симои асар таъсиргузор ва хотирмон аст?
  3. Аз хониши асари интихобнамудаатон чӣ таассуроте бардоштед?
  4. Дар мутолиаи аср чӣ мушкилотро эҳсос намудед?
  5. Кадом асар ба шумо писанд аст?
  6. Асари бадеии дўстдоштаи шумо кадом аст?
  7. Хониши асари бадеӣ чӣ аҳамият дорад?
  8. Кадом намуди асарро бештар мутолиа менамоед?
  9. Нақши китоб дар ҳаёти инсон аз чӣ иборат аст?
  10. Ба кадом китобхонаҳо аъзо ҳастед?
    Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки дар тарғибу ташвиқи хониши асарҳои бадеи китобхонаи мактаб ва оила бо роҳнамоии омўзгору волидон, намудҳои гуногуни машғулиятҳои берун аз синф ва фориғ аз мактаб , аз қабили семинару конфренсия, ҳафтаҳои фаннӣ ҷамъомад, шабнишинӣ ва маҳфилҳои адабӣ, таҳияи мақола, тақриз, намунаҳои эҷоди бадеӣ ва ташкили намоишу саёҳат кумак мерасонад.
пешина
аз 344
навбатӣ