МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аз ин рў, муваффақ бояд шуд, ки хониши асари бадеӣ на танҳо бо супориши ҳатмии омўзгор ва ё иҷрои талаботи нақшаи муайяншудаи барномаи тадрис сурат гирад, балки ифодагари хоҳиш ва талаботи рўзмарраи хонанда қарор дошта, маводи ғайрибарномавиро низ фаро гирад. Яъне, фаъолияти хонанда дар давраи таҳсил бо иҷрои вазифаҳои тарҳрезишуда маҳдуд нагашта, ҳангоми истироҳат ва лаҳзаҳои фароғатӣ табиӣ ва мақсаднок бо хониши асари бадеӣ созмон гирад. Дар ин радиф омўзгори адабиётро зарур мебояд, ки ин василаҳоро ҳамчун воситаи иқтидорманди донишомўзӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, майлу рағбат, малакаву маҳорат ва тарбияву камолоти хонандагон истифода намояд.
Мушоҳида аз таҷрибаи омўзгорони соҳибкасб ва эҷодкори адабиёт собит месозад, ки ташкили хониши мустақилонаи асари бадеӣ ва муҳокимаи он аз ҳама бештар таваҷҷуҳи хонандагонро ба олами рангини осори бадеӣ, назокат ва балоғати каломи бадеӣ афзун мегардонад ва такягоҳи муътамаде барои шинохти маърифати ҳусн ва олами пурасрори рўҳонӣ шинохта мешавад. Дар муҳокимаи асари бадеӣ таъкид ва шарҳи пора аз матни аслии асар, яъне сухани адиб ва хониши муассири порчаҳои он самаровар аст.
Ҳамзамон, ҳангоми таҳлили асарҳо талаботи зинаҳои таҳсилот, синну сол, қобиляти зеҳнӣ ва равонӣ, дараҷаи дониш малакаву маҳорат, шавқу рағбат ва ҳавасмандии хонандагон ба инобат гирифта мешавад.
Омўзгори адабиёт ҷиҳати эҳё ва идроки ҳаёти маънавию олами пуртуғёни ботинӣ, эҳсоси назокату зебоии зиндагӣ муваззаф аст ва ҳамеша барои азхудкунии дониш ва бедорсозии тафаккур ва худшиносии хонанда саъю кўшиш менамояд. Зеро ангезаҳои зеҳнию ҳиссӣ ва тахайюлотии хонанда бештар дар лаҳзаҳои худфаъолиятӣ тавассути хониши осори адабӣ сайри маънӣ мекунад ва рушду намо меёбад.
Дар осори адабӣ ва зиндагиномаи адибону қаҳрамонони замон ва даврони гуногуни таърихӣ панду андарзҳои ҳакимона, андеша ва афкори хирадмандона, симои ибратомўз ва шахсияти тавонои инсонҳои неруманд инъикос ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор