МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар набарди зиндагӣ ҳақшиносӣ, ҷасорат, озодии андеша ва иродатмандӣ аз шоистатарин сифатҳои омўзгори худогоҳ аст, ки на ҳар кас бо он сазовор мегардад. Омўзгоре ба он мушарраф мегардад, ки якдилу якчиҳату якрў буда, сарвату тахту чоҳу ҷалолро намепарастад ва ба хотири иродат ва эътиқоди шахсӣ фидокорӣ ва ҷоннисорӣ мекунад.
Шайх Саъдии Шерозӣ таъкид менамояд, ки аз дўсте, ки ахлоқи бадро зебо нишон медиҳад, бояд ранҷид ва аз душмане, ки айбро ошкор бигўяд, шод мебояд шуд. Касоне, ки туро ситоиш кунанд, ёри ту нестанд ва онҳое, ки накуҳиш кунанд, дўстони туянд. Камоли шахсият, эътибор, обрў ва шуҳрати инсон аз ҳамнишинӣ бо аҳли дил ва шарофати илму амал муяссар шуда, кас тавассути ранҷу заҳмат, адолатпешагӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ ва донишварӣ соҳиби он мегардад.
Шахсият ва мақоми омўзгорро шоири маҳбуб Камол Насрулло ба хубӣ баён намудааст:
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аз пори нони муаллим.
Бидон онро, ки виҷдони ҳама халқ
Бувад аз рўи виҷдони муаллим…
Омўзгори асил шогирдонашро дар рўҳияи ватанхоҳӣ ва
миллатдўстӣ тарбия карда, дар ў ҳисси масъулиятро нисбат
ба имрўзу ояндаи кишвар бедор мекунад. Тамоми фаъолияти
омўзгор бояд ба он нигаронида шавад, ки аз нахустин
қадамҳо мунтазам бунёди инсониро дар вуҷуди
хонандагонаш устуворӣ бахшад, тасаввуроти онҳоро дар бораи масъулияти одамӣ ва мақсади ҳаёт амиқ созад, барои маданияти маънавӣ зерпояи қавие ба вуҷуд оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё