МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Бақои умри омўзгор аз тарбия ва камолоти шогирдон, офаридаҳои эҷодгарӣ ва ҳунармандӣ вобаста буд ў тавассути илмдўстӣ ва хирадпешагӣ сомони зиндагиро ҳифз менамояд. Омўзгор шахсияти дилогоҳ, худогоҳу худшинос ва худгудоз аст, дар сўзу соз оламу одамро ба хубӣ шинохта, фаҳму фаросат ва маърифатро идрок намуда, эҳёгарӣ менамояд. Эҳёгарии ў суннати эҷодгарӣ ва офаридгорист ва бо ҷасорату иродатмандӣ ба вуҷуд меояд. Ҳеҷ гуна таҳқир , танқид, истинтоқ, азобу шиканҷа ҳақталошӣ ва иродаи омўзгорро шикаста наметавонад, зеро ў дар назди халқу Ватан фарзи имрўзу қарзи фардоро адо менамояд.
Биноан, ба омўзгор пайкарасозӣ шарт нест, муҷассамаи ў дар дилу дидаи халқ ва шогирдон бо азамату шукўҳ ва намои рўҳ ҳамеша абадзиндаву ҷовидон аст:
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест, Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Омўзгори эҷодкор ва хештаншинос дар тўли лаҳзаҳои умр дучори хушбахтиву нокомӣ, хурсандиву мусибат ва мукофоту муҷозоти сарнавишт мегардад, бо таҳаммул мардонавор ҳама саҳнаҳоро паси сар мекунад, барои пайдо намудани мавқеъ, обрў ва манзалат талош меварзад.
Зиндагии вай майдони набард ва озмоиш аст, ки дар тўли он роҳи пурнишот, саодатманд ва дар баробари ин пайроҳахои хатарнок ва пурпечутобро сипарӣ намуда, мавқеъ ва манзалати хешро пайдо карда, бо дидаҳои бозаковат ва назарҳои бофаросат, амали хайру номи нек ба ободии даҳр ва рўҳи замон нақш мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё