МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданВақте давраи тайёрии пешакӣ паси сар мешавад, имтиҳон дар пеш аст, аз маслиҳатҳои амалии зер метавон истифода бурд:
- Номи мавзўъҳои иншоро оромона хонед, таҳлил намоед, ки ба кадомаш беҳтар тайёред. Ҳамонашро интихоб намоед, ки ба фаҳмиши шумо наздик аст.
- Дар пешнавис нақшаи тахминии корро созед. Агар ба назар намояд, ки вақт танг аст, бе даромади сухан ва охирсухан дар пешнавис ба ифода кардани мақсади асосӣ, яъне қисмати асосии иншо сар кунед.
- Кўшиш кунед, ки гуфтаҳо, иқтибосҳо, гуфтаи мунаққидон, ҳамдавронро ба ёд оваред ва нависед. Ин барои далелнок кардани фикр, баёни андешаи шахсӣ кумак мерасонад.
- Кўшиш кунед, аз нақша берун набароед, дар атрофи ғояи асосӣ, ки онро бояд исбот намоед, мулоҳиза ронед. Аз такрори тезис – мақсади асосиатон натарсед, метавонед онро чанд бор ба тарзи дигар такрор кунед.
- Дар бораи сарсухан ва охирсухан.
Сарсухан барои чӣ лозим аст? Нахуст, он бояд таваҷҷуҳи хонандаро ба чизи навишта бедор кунад. Дуюм, баъзан чунин зарурият ба миён меояд, ки худи иншо - андеша сарсуханро металабад.
Охирсухан барои он лозим аст, ки андешаҳо дар атрофи тезиси муайян бошанд ва онҳоро ҷамъбаст карда шавад. Он ҷамъбасти мухтасари андешаҳои муаллиф мебошад.
Сарсухан ва охирсуханро баъди тамом кардани пешнавис ҳам метавон навишт. Дар ин ҳолат сарсухан ва охирсухан якбора дар покнавис навишта мешаванд.
Баъди он ки иншоро навишта тамом кардед, кўшиш намоед, ки на кам аз як бор онро тафтиш намоед. Дар тафтиши аввал диққатро бештар ба рафти андешаронӣ, мантиқи сухан, риояи қоидаҳои забони адабӣ равона созед.
Дар дафъаи дуюм танҳо ба ёфтани хатоҳо (грамматикӣ, имлоӣ, пунктуатсия) шуғл варзед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо