МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳангоми омўзиши сохтори ҳикоя ҳамчун намуди жанри бадеӣ хонандаи хушсалиқа дар бораи тарзи баёни образноки фикр маълумот пайдо карда, кўшиш мекунад, фикру ақидаашро ба таври бадеӣ ва образнок ифода намояд ё нақл кунад. Дар натиҷа иншо ба намуди нақл эҷод мешавад.
Дар он хонанда метавонад, оид ба зиндагиномаи қаҳрамон муфассал нақл кунад. Дар чунин намуди иншо барои хонанда имконияти васеъ пайдо мешавад.
Ин навъ иншо озодона аз рўи тасвири манзара ва ё чузъиёти муайян сурат мегирад ва дар замони муосир хеле зиёд ба чашм мерасад. Дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аксари довталабон дар мавзўи озод иншо менависанд. Солҳои пеш баръакс фақат хатмкунандагони болаёқати мактабҳо ба навиштани андеша аз рўи тасвир ҷуръат мекарданд.
Иншо дар мавзўи адабиёт дар жанрҳои гуногун буда метавонад. Масалан, андешаҳо дар бораи китоби хондашуда, мақолаи бадеӣ – адабиётшиносӣ ва ё шарҳи мухтасари адабӣ.
Бинобар ин, шиносоии хонанда бо адабиёти бадеӣ ва дастурҳои методӣ аз аҳамият холӣ нест.
Дар асри авҷи илму техника рўй овардан ба ҳунари иншонависӣ гувоҳи аҳамияти бузурги он дар тарбияи насли наврас аст. Моро лозим меояд, ки насли ҷавонро ба сухангўӣ, китобхонӣ, фикри худро баён карда тавонистан ҳидоят намоем. Роҳи асосӣ дар ин бобат талқини иншонавист.
Баъдан, беҳтар аст, хонандаро ба ҳолаш гузорем. Бигзор, дар қадами аввалин, ҳар чиз мехоҳад, нависад. Аслан, иншонависӣ аз кўдакӣ оғоз меёбад. Мураббия ашёеро нишон дода номи онро мепурсад, ин аст қадами аввал. Баъдан, нақл, диктант ва сипас, дар синфҳои болоӣ – иншо.
Ҳамаи он чи гуфтем, давраи тайёрӣ ба имтиҳон ба ҳисоб меравад. Албатта, пеш аз имтиҳон асари бадеиро пурра хондан, таҳлил намудан, дар хотир нигоҳ доштан душвор аст. Бинобар ин, ба иншонависӣ пешакӣ тайёр мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо