Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз гўшти пур карда маро ба ду соқи пой,
Ин мор буда, оҳан гашта газанда мор.

Хоқонии Шервонӣ низ, ки муддате дар зиндон ба сар бурда ва қасоиди ҳабсияи сўзнок дорад, ашъоре наздик ба ҳамин мазмун дар бораи занҷири пойи худ дорад.

Мор дидӣ дар гиё печон, кунун дар ғори ғам, Мор бин печида ба соқи гиёосои ман.
Аждаҳо бин, ҳалқа гашта, хуфта зери доманам, З-он наҷунбам тарсам огаҳ гардад аждарҳои ман.
Дасти оҳангар маро дар мори заҳҳокӣ кашид, Ганҷи Афридун чӣ суд андар дили донои ман.
Чун канори шамъ бинӣ соқи ман дандонадор, Соқи ман хойид гўӣ банди дандонҳои ман.
Пойи ман гўӣ ба дарди каҷравӣ мохуз буд, Пойро ин дарди сар буд аз сари савдои ман.
З-он ки доғи оҳанин охир давои дардҳост, З-оташин оҳи ман оҳан доғ шуд бар пои ман.
Ногуфта пайдост, ки дар шеъри Хоқонӣ сўзи банд ва дарди зиндон дардмандонатар баён шудааст, ҳарчанд ки ранҷи ҳабси ў беш аз ҳафт моҳ ё яксол набудааст, аммо дар ҳабс аст, ки рўзе солеву соле қарне менамояд ва табиӣ аст, ки Масъуди Саъд дар ин ҳаҷдаҳ ё нуздаҳ соли ҳабс дарду ранҷи бисёрро таҳаммул кардааст. Дар зиндони Маранҷ ҳатто ду хидматкоре, ки маъмури расидагӣ ва хидмат ба ў будаанд, низ аз беқувватӣ рамақ дар тан надошта ва аз сар бар худ меларзидаанд, зеро либосе муносиб ба тан надоштаанд ва хўроки онҳо ҳар се тан се рўз якбор як мани говрас (арзон) будааст.
Гар хурдание ёбам ҳар ҳафта яке рўз, Аз даст маро косаву аз зону хон аст.
В-ар ҳеҷ ба зиндонбон гўям, ки чӣ дорӣ, Гўяд, ки махур ҳеч, ки моҳи рамазон аст.
Гўям-ш, ки бемораму рав, шарбату нон ор, Ханда занаду гўяд: худ кор дар он аст.

пешина
аз 344
навбатӣ