МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданМасъалаи ба вуҷуд овардани таъсири ҳиссии матн ҳангоми омўхтани хонандагон се ҳалқаро дар назар дорад.
- Таҳлили ғоявию ҳиссии асари бадеӣ аз тарафи муаллим бо мақсади муайян кардани таркиби ҳиссии он. Ин ҳадафро тафсири пешакии забонии матни бадеӣ бомуваффақият ҳал мекунад.
- Ташкили ҳадафманди дарс ва таъсири муаллим ба хонандагон.
- Омўзиши бархўрди ҳиссии хонандагон ва амиқ намудани таассуроти онҳо аз дарки асари бадеӣ.
Баъзе намудҳои хонишро, ки метавон дар таҷриба корбаст кард, зикр мекунем. - Хониши омўзишӣ. Ин усули хондан ба дарки пурра ва амиқи иттилооти асар ва дар ёд доштани он мусоидат мекунад. Ин хондани оҳиста аст, ки ба такрор хондани баъзе ҷузъҳои матнро низ истисно намекунад. Ҳамчунин, нигоҳи танқидии хонандаро ба қиёсу муқобилаҳо дар заминаи муқоисаи матн бо воқеияти зиндагӣ дар бар мегирад.
2.Хониши ибтидоӣ. Ин тарзи хониш ошноии пешакии хонандаро бо матн, сохт, таркиби луғавӣ ва душвориҳои забонии он дар назар дорад ва ба тарзи хомўшона ва овозӣ хонда мешавад. - Хониши хомўшона. Усули хониши хомўшона хеле маъмул буда, хониш барои худ аст. Дар синфҳои ибтидоӣ хониши овозӣ маъмул буда, суръату сифати хониш муайян карда мешавад ва ҳар хонанда ба таври майлу завқи худ матнро мехонад. Ҳангоми хониши хомўшона хонанда дар дил, яъне дар ботин ба маънои аслию маҷозии калимаҳо сарфаҳм рафта, таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва мазмуну муҳтавои онро дарк карда, лаззати маънавӣ мебарад.
- Хониши овозӣ ва ё ифоданок. Дар чунин навъи хониш риояи талабот, зада ва таваққуфи мантиқӣ, малакаву воситаҳои нутқ, тарзи баён, хушоҳангии овоз, меъёрҳои талаффуз, аломатҳои китобат, нафаскашӣ, диксия ва овоз муҳм мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо