Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хонандагони мулоҳизакор нақшаро ба осонӣ тартиб медиханд, дар корҳои хусусияти ҷамъбастӣ дошта, фаъолона иштирок мекунанд, вале вазифаи дар асоси матн додашударо пурра иҷро намекунанд, воситахои тасвирии ин ё он муалифро то андозае пайдо мекунанд, вале дар таҳияи нақша ва натиҷагирӣ мушкилӣ мекашанд. Донистан махсусияти ҳар синф барои муаллим ниҳоят муҳим аст, чунки ба ў ёрӣ мерасонад, ки супоришҳои инфиродиро дуруст тақсим кунад, истеъдод ва шавқи хонандагонро ба самти лозима раҳнамоӣ кунад.
Дар ҳама ҳолат лаззати дарёфти моҳияти маънавӣ ва ҳунарии асари бадеиро дар ёди хонанда ҳифз бояд кард. Дар ин равиш шинохти тамаюли фикрӣ, ҳиссӣ ва ахлоқии ҳар хонанда ниҳоят муҳим аст. Дарки асари алоҳида бояд ҳамчун ҷузъи асари воҳид, чун унсури маълумоти адабии хонандагон, нишондиҳандаи инкишофи ақлӣ, камолоти иҷтимоӣ ва таъсирпазирии ҳиссиву зебошинохтӣ дар назар гирифта шавад. Дар таълими адабиёт, ба хусус, ҳангоми таҳлили асари бадеӣ се ҷанбаро, ки ба масъалаҳои алокамандии идрок ва таҳлили матни бадеи дар як вақт ҳалли чанд масъаларо дар назар доранд. Душворӣ дар он аст, ки ҳар хонанда дар шинохти образи бадеӣ завқу саликаи худро дорад. Дар вақти таҳлил хонандаро ба дарки ҷомеъи асари бадеӣ омода бояд кард.
Муаққиқон се намуди таҳлили асари бадеиро пешниҳод кардаанд. Намуди аввали он ба хусусияти хоси идроки бадеӣ вобаста мебошад. Ин намуди таҳлил дар зинаи аввали омўзиши матн ба кор бурда мешавад. Ба хусус барои хонандагоне, ки маҳорати кофии хондан ва дарк кардан надоранд. Дар намуди дуввуми таҳлил омўзгор тавоноии кофии хонандагонро шинохта, ҳачми корро зиёд мекунад, ба шаклгирии тафаккури ҷомеъи дарки бадеияти асар ва моҳияти шахсиятҳои он мусоидат мекунад.

пешина
аз 344
навбатӣ