Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Наврасону ҷавонон ба инсон ҳамчун фарогири хусусияти муайяни шахсият таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Хонанда тадриҷан асарро омўхта, ба олами андешаҳои нависанда ва қаҳрамон ворид мешавад, вай ба донистани моҳияти ахлоқии шахсияти инсон рағбат карда, ба моҳияти рафтору қаҳрамонони асар диққат медиҳад. Бо вуҷуди ин, хонандагон на ҳама вакт метавонанд, ки дар маҷмўъ шахсияти қаҳрамони асари бадеиро арзёбӣ кунанд ва моҳияти амалу кирдори ўро дар шароитҳои гуногун дарк намояд. Бинобар ин, аксари муҳаққиқони соҳа бар ин назаре, ки дар синфхои У-Уll дараҷаи фаҳмиши сода ва воқеии хонандагонро бояд ба эътибор гирифт, зеро фаҳмиши комили арзиши бадеӣ ва зебошиносии асари бадеӣ чун қоида дар сифҳои Уlll-lХ фаро мерасад.
Хонандагони синфҳои болоӣ бештар ҷаҳони мураккаби ботинии қаҳрамон таваччуҳ зоҳир карда саъй мекунанд, ки ҷаҳоншиносии эҷодкоронаи муаллифро дарк кунанд. Дар синни наврасӣ кўшиши дарки ҷаҳонбинии инсон ва моҳияти ахлоқии шахсияти вай афзоиш меёбад.
Бештари хонандагони синфҳои Х-Хl қудрати арзёбии моҳияти асари бадеиро доранд ва ҳангоми баҳогузориашон умумиятдиҳии зебоишиносиро ба кор мегиранд. Ба ҳар ҳол, хонандагони синфҳои болоӣ имкон ва хоҳиши ба низомдаррори таассуроташонро аз осори бадеии хондаашон доранд. Баъзе мактабиёни ин синну сол нисбат ба осори хондаашон мантиқи қавӣ доранд.
Масъалаи савияи дарки хонандагон мактаб на фақат ба синну сол, балки имконоти фардии онҳо низ вобаста мебошад. Равоншиносон ва методистон се навъи азхудкунии хонандагонро ба мушоҳида гирифтаанд. Дар навъи аввал аёният ва унсурҳои образнок афзалият дошта, дар навъи дуюм лаҳзаҳои шифоҳӣ ва мантиқи азхудкунии донишҳо муҳим аст. Навъи савум омехта аст. Ҳар кадоме аз ин навъҳои азхудкунӣ омехта аст ва ба маҳорати хонандагон низ вобастагии қавӣ дошта, аз омўзгор раҳнамоии хосро талаб мекунад.

пешина
аз 344
навбатӣ