МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Танҳо дар заминаи таҷрибаи муаллимон ва мушоҳидаҳои фардӣ метавон хулоса кард, ки бештари хонандагон мутолиаи осори бадеиро дӯст медоранд ва ба он афзалият медиҳанд. Вале дар рӯ ба рӯи мо хонандаи асри ХХ1 қарор дорад. Ин хонанда шавқмандиҳои дигаре дорад, бо намудҳои гуногуни санъат рӯ ба рӯ мешавад, диди хоси худашро ба воқеият ва ҳаёти фарҳангӣ дорад. Вай метавонад бо нависандагону шоирон мулоқот орояд, андешаашро дар бораи китоби хондааш баён кунад. Чун қоида матнҳое, ки дар мактаб омӯхта мешаванд, пеш аз ҳама, сужетро дар бар мегиранд, лаҳзаҳоеро аз сарнавишти қаҳрамон хулоса медиҳанд, сабки нависанда ё шоирро муаррифӣ мекунанд. Ба назари мо, бисёре аз безавқии хонандагон на ба синну сол ва шавқмандии онҳо вобаста аст, балки ба усули таълими ин фан вобаста мебошад, ки аксаран дар вақти таълим табиати матни бадеиро ба назар намегиранд.
Инкишофи фаъолиятмандии хонанда яке аз вазифаҳои муҳими мактаб мебошад. Барномаи таълимӣ озодии интихоби асари бадеиро барои мутолиа, суҳбат ва омӯзиш бояд замонат бидиҳад. Ба хусус, дар замоне,ки тамоюлҳои манфии адабию фарҳангӣ, ки бештар хусусияти саргармкунӣ доранд, дар ҷомеа афзалият пайдо кардаанд, дарёфти равишҳои таъсиргузори таълими адабиёт ва мутолиаи осори бадеӣ дар шаклгирии маънавиёти солим ба ҷавонон ёрӣ хоҳад расонд. Дар ин равиш таълими поэтикаи матни бадеӣ василаи муҳими ҷалби хонандагон ба адабиёти асил мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё