МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Сохтори бадеии осори бадеиро таҳлил карда, мо бояд ба кашфи таносуби воситаҳои тасвири бадеӣ дар шароити муайяни таърихӣ ва ҳам сохтори фардию нотакрори асар даст ёбем. Дар ин замина бояд ба назар гирифт,ки истилоҳи поэтика дар аксари ҳолатҳо бо мафҳуми воситаи тасвирии муассир ҳаммаъно мебошад.
Дар вақти таҳлили поэтикӣ аҳамияти сегонаи поэтикаро бояд дар назар гирифт. Пеш аз ҳама, поэтика роҳ ба сӯи объекти омӯзиш ва ё худи объекти омӯзиш аст. Сипас, таркиб ва қонунияти асари бадеиро муайян мекунад. Ҷанбаи сеюми поэтика талабот нисбат ба моҳияти асар мебошад.
Фаҳмиши имрӯзаи поэтика таркиби матни бадеӣ ва равиши таҳлили онро муайян мекунад.
Стандарти давлатии таҳсилот омӯзиши адабиёт, ба хусус, осори бадеиро ҳамчун тамоюли муҳими такмили таълими адабиёт дар назар гирифтааст,ки шавқмандии хонандагон ба хониши бадеӣ, такя ба таасуроти хонанда, дарки арзиши бадеии осори адабӣ ва моҳияти ҷовидонагии ин гуна осор асоси онро ташкил медиҳад. Дар ин замина дар вақти таҳлили осори бадеӣ илова ба корбасти истилоҳи таҳлил равиши хондан, дарк, тафсир ва таъбири онро низ бояд ба назар гирифт.
Тавоноии маънавии ҷомеаи муосири тоҷикон, пеш аз ҳама ба фарҳанги мутолиа ва дарки саҳеҳи осори бадеӣ вобаста мебошад. Тавсияи доираи мутолиаи хонандаи имрӯз ба сарчашмаҳои фарҳанги маънавӣ ва ғаномандии донишҳои башарӣ вобаста мебошад. Афсўс, ки барои муайян намудани дараҷаи шавқмандии хонандагон ба мутолиаи осори бадеӣ маълумоти дақиқ дар даст нест ва дар ин замина бозпурсие низ анҷом нагирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё