Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Назари зеҳнии мо ба муҳит ҳамин гуна аст. Ва равиши шинохти мо аз инсони адабиёт низ ба ҳамин меъёр такя мезанад, ки ба ҳисоб гирифтани ин масъала ҳангоми омўзиши тарҷимаи ҳоли адиб бисёр муҳим мебошад.

Шахсияти адиб дар дарси адабиёт ҳам аз нигоҳи фардият ва ҳам дурнамо фарҳангию таърихӣ мавриди назар аст.
Ҷомеа

Осор

Адиб
Хонанда

Дар ин тасвир пайванди ҷудоинопазири адиб бо ҷомеа, осораш ва хонанда сабт шудааст. Ин мавзўъро шоири бузурги Олмон Гёте хеле равшан баён мекунад:
Вазифаи асосии тарҷумаи ҳол аз он иборат аст, ки муносибати инсонро бо замон ифода кунад, нишон диҳад, ки замона то куҷо душмани ў буд ва то куҷо ба ў мусоидат кард, бо таъсири замон чи гуна ҷаҳонбинии ў дар бораи дунё, одамон шакл гирифт ва бо чӣ усуле ҳамчунин нависанда, шоир, ҳунарманд ў тавонист ҳамаи инро баро ҷаҳони хориҷ бисозад.
Ин таъкид моҳияти воқеии ҳикоятро дар бораи тарҷумаи ҳоли адиб хеле возеҳ ифода мекунад.
Мактаби гузаштаи мо таҷрибаи омўзиши тарҷумаи ҳоли адибро надошт. Дар мактабҳои замони Шўравӣ ва то имрўз асосан санадҳои тарҷумаҳолии адиб ҳамчун ҳуҷҷати таърих мухтасаран омўхта мешаванд. Вале равиши (методикаи) имрўзаи таълими адабиёт тағйири дидгоҳҳоро оид ба ин масъала тақозо дорад.

пешина
аз 344
навбатӣ