МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Пайдоиш ва ташаккули навъҳои адабӣ 3. Содагӣ ва равонии шеъри ин давра Ин мавзўъ низ аз рўи имтиёзи худ то ҷое назарӣ буда, хусусияти дарсро муайян мекунад: ҳикояти омўзгор, ҷалби маводи тасвирии дастрас.
Аз назари равишшиносӣ (методӣ) таҷҳизонидани мавзўи тафсирӣ саҳеҳии маводи интихобӣ, дастёби ба таъсири ҳиссии онро тақозо мекунад.
Дарси шавқангез дар мавзўи тафсирӣ барои омўзгори таҷрибадор низ усули озмоиши имконият ва истеъдод аст. Дар ин замина омўзгорони мо имкони истифода аз филмҳое монанди «Қисмати шоир», «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» ва ғайраро доранд. Дар дарсҳои роҳнамо сабти овози шоиру нависандагони муосирро низ метавон истифода кард.
Таркиби мавзўъҳои рисолавӣ (монографӣ) низ мутаносибан якхела аст: як қисми умумии дастурӣ, ки равиши минбаъдаи фаъолияти омўзгорро муайян мекунад, ҳадафи омўзиши мавзўи рисолавиро нишон медиҳад. Тарҷумаи ҳол ва роҳи эҷодӣ, таҳлили асари бадеии дар барнома воридшуда, натиҷагириҳо ба арзёбии осори адиб ва нақши ў дар адабиёти миллӣ қисми нисбатан мураккаби мавзўи рисолавӣ мебошанд.
Дар хайати мавзўъи рисолавӣ кадом қисматҳои маълумоти тарҷумаҳолӣ дохил мешаванд? Ин маълумот метавонад мухтасари зиндагиномаи адибро фаро гирад, ки дар он доир ба лаҳзаҳои асосии зиндагӣ ва равишҳои эҷодиаш хабар дода шавад. Маълумоти тарҷумаҳолӣ бояд хонандаро бовар кунонад, ки вай бо касе ошно мешавад ва андешаҳои касеро ба кор мегирад, ки шахсияти инсонии ў воқеан сабақомўз аст.
Омўзгор муҳимтарин лаҳзаҳои зиндагии адибро, ки бо сарнавишти халқ ва пешрафти кишвар алоқае бевосита дорад, бояд ба хонанда фаҳмонад.
Таваҷҷуҳ ба шахсияти инсон бештар ва ҷозибтар мебошад.
Нависандаи бузурги рус Л.Н. Толстой навишта буд, ки «Суоли асосии қалби мо ин аст: Канӣ, ту чӣ гуна инсонӣ? Ва аз инсонҳои дигаре, ки ман мешиносам, чӣ тафовуте дорӣ ва ба ман дар бораи он ки ба зиндагӣ чӣ гуна бояд нигарист, чӣ ҳарфи тозае гуфта метавонӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё