МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба хонандагон ёрӣ расондан лозим аст, ки ҷараёни таърихии пайдоиш ва ташаккули адабиёти тоҷикро дар асоси ҳуҷҷатҳои таърихию адабӣ амиқ дарк кунанд. Барои ба ин ҳадаф расидан ҳуҷҷати таърихиро қиёсан бо ҳуҷҷатҳои адабӣ таҳлилу тафсир ва арзёбӣ бояд кард.
Чунонки маълум аст, доир ба ин давраи ташаккули адабиёти тоҷик, ки то замони мо фосилаи тўлонӣ дорад, ҳуҷҷатҳои саҳеҳи таърихӣ хеле кам боқӣ мондаанд. Фақат дар асоси ахбори сарчашмаҳои таърихӣ доир ба ин давра ба хулосаи саҳеҳ омадан душвор аст. Вале равиш (методика) ба омўзгор ёрӣ мерасонад, ки роҳро барои дарки замони таърихӣ ва адабиёту ҳунари он замон ҳамвор кунад. Дар ин замина, пеш аз ҳама, омўзгор бояд ба ҳуҷҷатҳои адабӣ-осори шоиру нависандагони ҳамон давр такя кунад. Ҳуҷҷатҳои таърихиеро ба асос гирад, ки барои ба вуҷуд овардани чеҳраи таърихӣ ва адабии замони мавриди назар муҳим ва арзишманд шинохта шудааст.
Намунаи маводеро меоварем, ки нақлу тафсири омўзгорро доир ба давраи зикршуда ҷоннок мекунанд.
Мисол аввал. Сурати Рўдакиро ба аҳли синф нишон медиҳем. Баъд тасвири мақбараи Исмоили Сомониро дар Бухоро. Сипас, матни қасидаи «Бўи ҷўи Мулиён ояд ҳаме»-ро мехонем ва тафсир мекунем.
Мисоли дуввум. Таърихи робитаи Рўдакӣ бо шоҳони Сомонӣ, алахусус, Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил. Тафсири суханони Авфӣ: «аз модар нобино омада» ва «Таърихи Утбӣ», ки мегўяд: «дар охири умри худ кўр шуд».
Дар ин замина мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Ин гуна мисолҳо бояд ҳам ба хонанда фаҳмо бошанд ва ҳам шавқи онҳоро ба адабиёт ва таърихи он зиёд кунанд, аз назари ахлоқӣ низ муфид бошанд.
Ба ҳамин монанд корро доир ба адабиёти муосири тоҷик ва давраҳои тушаккули он низ метавон гузаронд. Муаллим дар ин замина низ метавонад ҷадвале дуруст кунад, ки хусусияти асосии ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва адабии ин давраро таҷассум карда тавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё