МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Барои он ки муҳимтарин ҳодисаҳои таърихӣ ва адабӣ дар ёди хонандагон нақш банданд, омўзгор бояд ҷадвали мусовӣ (синхронӣ) тартиб дода, лаҳзаҳои муҳими ҷараёни таърихӣадабии вобастаи ягон даврро дар он нишон диҳад.
Ҷадвали на чандон бузургҳаҷм мусовӣ (синхронӣ) метавонад ягон давраи адабиёт, аз ҷумла, «Адабиёти асри даҳи тоҷик»-ро инъикос кунад. Мисол:
Ҳодисаҳои сиёсию Адабиёт иҷтимоӣ Асри Х
Давлати Сомониён ва Рўдакӣ «Қасидаи шикоят сарнавишти таърихии тоҷикон аз пирӣ», рубоиёт, ғазалҳо.
дар асри Х. Мақоми шоҳони Шоирони ҳамасри Рўдакӣ.
Сомонӣ дар равнақи забон ва Рўдакӣ ва ташаккули жанрҳои адабиёти тоҷик адабӣ.
Ҷадвали мусовиро (синхрониро) бо маълумот ва ҳаводиси муҳим пур накарда, дар он фақат санадҳои арзишманди сиёсию иҷтимоӣ ва адабиро бо тафсири мухтасар ҷой додан лозим аст.
Барои он ки доир ба адабиёти ин ё он давр тасаввуроти саҳеҳ пайдо шавад, ҳамон мавзўъҳои тафсириро, ки хусусияти муҳими пайдоиш ва ташаккули адабиёти тоҷикро ифода мекунанд, зикр кардан ниҳоят муҳим аст. Масалан, доир ба адабиёти муосири тоҷик ҳамон давраву равишҳоеро интихоб кардан мумкин аст, ки дар барнома нишон дода шудаанд ва барои муайян намудани зинаҳои ташаккули ин адабиёт нақши муҳим доранд. Мутаассифона, дар ин замина китобҳои дарсӣ маводи лозимаро надоранд. Бинобар ин ҳам, муаллими огоҳ бояд ба тадқиқоти М. Шакурӣ, Х. Шарифов, А. Сайфуллоев, С.
Табаров ва дигарон такя кунад.
Дар мисоли ҷадвали зикршуда омўзгор мавзўи «Адабиёти асри даҳи тоҷик»-ро тафсир мекунад. Баёни ин мавзўъ берун аз ҳаводиси таърихӣ ва адабӣ номумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё