Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баръакс, агар доир ба мавзўъи матраҳ хонандагон тасаввуроти комил надошта бошанд, дарсро ба сурати масъалагузорӣ бо саволу ҷавоб оғоз ва анҷом додан мумкин аст.
Дар дарсҳои монографӣ хонанда ва муаллим бо матн сару кор доранд, баръакс машғулияти обзориро сухани муаллим раҳнамоест, ки ҳамроҳ бо хондани интихобӣ ва қиёси андешаҳои хонандагон анҷом мегирад. Мо баъзе намунаҳои дастури ишорашударо зикр мекунем:

  1. Ба донишҳои қаблии хонандагон оид ба баъзе санадҳои адабӣ такя кардан; 2. Қисматҳои нисбатан муҳими мақолаи обзории китоби дарсиро хондан; 3. Ба таҷрибаи хонандагон оид ба андешидан дар бораи санадҳои адабӣ ё алоқаи адабиёт бо таърих ва ҳаёт такя кардан; 4. Бо роҳи суҳбат маводи дар дарс хондаро умумият додан ба тариқи хулосабарории амиқ ва навиштани нақша ва хулоса.
    Барои он ки дарсҳои обзории таърихи адабиёти пешин мушкилоти истилоҳӣ, забонӣ ва гоҳо идеологӣ доранд, истифодаи луғат ва усулҳои хониши бадеӣ ба суди кор аст.
    Ҳамчунин, истифода аз матнҳои ба мавзўъ дахлдор низ самараи машғулиятҳоро меафзояд. Илова ба ин бояд дар назар дошт, ки машғулиятҳои обзорӣ сухани раҳнамо нест.
    Ҳудуд ва умқи он тавсиъа меёбад. Вале моҳияти ин дарс низ бедор кардани тафаккури ахлоқӣ ва зебоишинохтӣ ва ҳисси хонанда буда, онҳоро ба дарки ғояҳое, ки адабиёти моро фаро гирифтааст, тайёр менамояд.
    Усулҳои ташкил ва омўзондани маводи таълимӣ, ки ба талаботи машғулияти обзорӣ ҷавобгўст, инҳоянд:
  2. Фарогирии санадҳое, ки суннатҳои пешқадам ва инсонпарваронаи адабиёти моро тавсиф мекунанд; 2. Муайян намудани ҳадафи ниҳоие, ки мавод барои он интихоб мешавад; 3.
пешина
аз 344
навбатӣ